КОНФРОНС БАХШИДА БА 10 СОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ

Имрӯз бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВАО-и Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ ба ифтихори «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири   наслҳои оянда (2027-2036)» таҳти унвони «Аз сулҳи тоҷикон то сулҳи ҷаҳон»баргузор гардид.

Дар ҷараёни конфронс директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон Каримзода Ҳақназар Изатулло ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида,  дар идома Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саидзода Носир Озод, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур Аҳмад, муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Рудобаи Мукаррам, доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок ва оид ба аҳамияти сулҳу ваҳдат, гиромидошти он суханрониҳои пурмуҳтаво намуданд.

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода дар баробари суханронӣ, ду китоби тозанашри худро муаррифӣ ва ба ташкилкунандагони конференсия ҳадя намуданд.  Дар назар аст, ки маърузаҳои ироашуда дар шакли китоб низ ҷамъоварӣ ва нашр карда шаванд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.