ОМӮЗИШИ МАВОД ВА ГУЗОРИШҲОИ СОҲАВӢ

Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” тибқи нақшаи корӣ барои рӯзноманигорон ва муҳаррироне, ки ба таҳияи мавод ва гузоришу барномаҳои соҳаи тандурустӣ сару кор доранд, машғулияти омӯзиширо доир намуд.

         Машғулият ҳамарӯза аз 28 сентябр то 09 октябр дар толорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, вобаста ба ин самт мутахассисони соҳа ҷалб ва тибқи барномаи соҳавӣ ба иштирокчиён омӯзиш мегузаронанд.   

         Дар машғулият хабарнигорон ва журналистоне, ки ба таҳия ва гузоришҳои соҳавӣ машғуланд аз шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ ҷалб шуда, давоми 10 рӯз нозукиҳои ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа, аз қабили истифодаи дурусти истилоҳоти соҳавӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим тавассути воситаҳои ахбори омма, маводҳои иттилоотӣ оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, омӯзиши санад ва зерсанадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи тандурустӣ, пешгирӣ ва омилҳои фарбеҳшавӣ дар байни аҳолӣ, ваксинакунонӣ ва инчунин, ба ин монанд мавзуҳоро меомӯзанд.

         Дар рӯзи аввали омӯзиш ба иштирокчиён маводҳои лозима аз қабили ҷузвдон, варақаи таблиғотӣ (буклет), дафтарчаҳои қайд, қалам ва маводҳои лозимаи омӯзишӣ тақдим гардид.

АКАДЕМИЯИ ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.