ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Курси омӯзишии забони русӣ дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон”, ки аз 2 апрели соли ҷорӣ то 2 июли соли 2026 бо низоми дар як ҳафта 3 маротиба (душанбе, чоршанбе ва ҷумъа) роҳандозӣ гардида буд, ба анҷом расид. Барномаи таълимӣ дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» ташкил ва амалӣ гардидааст.

Курси семоҳаи омӯзиши забони русӣ ба кормандони соҳаҳои мухталифи ВАО имкон дод, то ба таври ройгон ва ихтиёрӣ сатҳи забондонии худро баланд бардошта малакаи суханварияшонро такмил диҳанд ва маҳорати муоширатро дар сатҳи касбӣ таҳким бахшанд.

Қоидаҳои муҳимтарини грамматика, асосҳои муошират дар забони русӣ ва боварӣ ба малакаҳои худро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Нозанин Шарифзода ба шунавандагон таълим доданд. Зимни ҷамъбасти курси омӯзишӣ директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Каримзода Ҳақназар Изатулло ҳамагонро барои фарҷоми босамари дарс табрик намуда, ба омӯзгор ҷиҳати бобарор ба поён расонидани курси омӯзишӣ сипосгузорӣ намуданд. Иштирокчиён низ аз низоми фаъолияти Академияи ВАО изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти муассиса барои баргузории чунин як курси зарурии семоҳа изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар охир ба 12 нафари фаъол сертификати Академияи ВАО супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.