НИШАСТИ МАТБУОТӢ
Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ як зумра филмҳои мустанад, аз ҷумла “Қалъаи Муғ”, “Сада – талояи Наврӯзи навбаҳор”, “Наврӯзнома”, “Зодрӯзи хуршед”, Ҷилои Наврӯз”, “Тоҷи миллат. Маҷмааи Истиқлол”, “Ганҷи таърих” ва “Ганҷи абадияти хирад” ба забони англисӣ тарҷума ва дубляж гардиданд. Ҳамзамон дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 88 лоиҳаи нав роҳандозӣ гардидааст, қайд карданд раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Носир Озод.
Ба саволи хабарнигорон дар хусуси таъсиси шабакаи нави телевизионии омӯзиши забонҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, ки фаъолияти пурраи он ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ равона мешавад. Ба таъкиди ӯ, таъсиси ин шабакаи телевизионӣ дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2024 ироа гардида буд, амалӣ мешавад. Ҳадафи асосии телевизиони нав фароҳам овардани имконияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои аҳолӣ тавассути барномаҳои гуногуни таълимӣ мебошад. Носир Саидзода илова карданд, ки пахши барномаҳои телевизионӣ пурра ба омӯзиши забонҳо бахшида шуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи забондонии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Тоҷикӣ
Русский
English