ҲАМОИШИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ: ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

Ба муносибати қабули Катъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҷумҳуриявӣ зери унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда дар солҳои 2027-2036” баргузор гардид. 

Дар чорабинӣ Муовини якуми раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён ва дигар масъулину фаъолони ҷомеа иштирок ва суханронӣ намуданд. Маърузачиён зимни баромадҳои худ доир ба аҳамияти ин Қатъномаи таърихӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки қабули ин ҳуҷҷати муҳим маҳсули сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. 

Қисми дуюми ҳамоиш бо барномаи фарҳангии ҳунармандон, ки тараннумгари сулҳ, ватандӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ буд, ба чорабинӣ таровати дигар бахшид.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.