ДОРОИИ ЛУҒАВИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ВАЗЪИ ИСТИЛОҲСОЗӢ ДАР ОН
Ассалому алайкум, хонандаи азиз. Мо дар бораи иқтидори истилоҳсозии забони тоҷикӣ бо шоир ва адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб ҳарф мезанем.
Дар ҷараёни рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи иҷтимоӣ забон бевосита ҳузур дорад ва таъсир мепазирад… Иқдоми Шуморо, устоди азиз, дар ташкил ва корбарии гурӯҳи “Дуруст бинависем” (дар шабакаи иҷтимоии Fasebook) ҷиҳати баргардон ва пешниҳоди умум гардонидани калимаву истилоҳҳои мухталиф хуш истиқбол мекунем. Дар шакли китоб ҳам дафъаи сеюм аст, ки нашр мешавад. Хаста набошед!
Дар умум масъалаҳои вобаста ба забон “муаммо” нестанд, зеро олимону мутахассисони соҳа дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Ҳоло донистан мехоҳам, ки забоншиносон, донишмандони мо дар шароити башиддат дигаргун шудани низоми муносибат ва кор натиҷаҳои дастёфтаи худро ба истифодаи умум бо кадом усул пешниҳод менамоянд?
Лозим ба ёдоварист, ки забони тоҷикӣ қабл аз Истиқлол ҳам агарчи расман забони давлатӣ эълон нашуда буд, вале дар китобҳои дарсии мактаби миёна ва дигар муассисаҳо дар баъзе мавридҳо пурра ва баъзан ба таври ғайрикомил дар истифодаи умум қарор дошт. Китобҳои дарсии мо тоҷикӣ буданд. Мактабҳои мо тоҷикӣ кор мекарданд. Ба ғайри теъдоди муайяне аз муассисаҳои таълимӣ, ки он ҷо фарзандони тоҷикон бо майли худ ворид шуда, ба забони русӣ таҳсилро идома медоданд (ҳанӯз ҳам ин кор идома дорад)… Вале дар кул Вазорати маорифи Тоҷикистон ба забони миллӣ фаъолият мекард.
Забоншиносони маъруфе аз замони устод Айнӣ ба баъд дар ин замина корҳое карданд, ки он корҳо ҳанӯз ҳам аз арзиши илмӣ бебаҳра нестанд. Як худи фарҳанги дуҷилдаи тафсирии забони тоҷикӣ дар кори омӯзиши забони мо инқилоб буд, ки имрӯз ҳам яке аз беҳтарин фарҳангҳои забони форсии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад.
Дар замони истиқлол бошад, акнун корҳои бунёдӣ барои эътибори расмӣ пайдо кардани забон шуруъ шуд. Яке аз корҳои асосӣ, ки дар ин давра анҷом ёфт, ташкили Кумитаи давлатии забон ва истилоҳот буд, ки вазифаи бевоситааш ҳифзи мақоми забони тоҷикӣ аст. Кӯшишҳое дар заминаи фарҳангнависӣ, истилоҳсозӣ… сурат гирифт. Фарҳанги ҷойномҳои тоҷикӣ дар ҳамин солҳои охир таълиф шуд, ки бисёр ҷойномҳо решашиносӣ шудаанд ва ҷойномҳое, ки бо сабабҳои гуногун як муддат тағйири ном карданд, ба асли тоҷикияшон барқарор гардиданд.
Дар ҳамин солҳои истиқлол корҳои тамомнашуда дар заминаи нашри фарҳангҳои гӯйишҳои минтақаҳои шимол ва ҷануби кишвар ба анҷом расонида шуд, фарҳангҳои тафсирии қадимӣ, аз қабили “Ғиёсуллуғот”, фарҳанги “Бурҳони қотеъ”… чоп шуданд. Сарфу наҳвҳои аввалине, ки аз ҷониби маорифпарварон навишта шуда буданд, дубора рӯйи нашр омаданд. Ин талошҳо, иқдомот ҳанӯз идома дорад.
Ва дар сафи аввали ин талошҳо барои тасбит кардани мақоми устувори забони давлатӣ худи Пешвои миллат бо асари “Забони миллат – ҳастии милат” меистанд.
Аз ҳама муҳимтар ин аст, ки ҳифз ва беҳбуди вазъи забон дар дастури барномаҳои кори давлатӣ аст ва мунтазам назорат мешавад. Яке аз дигар музаффариятҳои дар ҳақиқат қобили таъкид ташкили Кумиссиюни олии аттестатсионӣ ба забони тоҷикӣ барои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар сатҳи болои илмӣ мебошад, ки дигар донишмандони мо метавонанд, корҳои таҳқиқотӣ – илмии худро ба забони модарии худ таълиф, пешниҳод кунанд, то ба ин восита захираи ба андозаи кофӣ муносиби истилоҳоти илмии забони тоҷикӣ ба вуҷуд биёяд.
Тибқи иттилои манбаъҳо агар калимаҳои соҳавӣ, масалан, илмӣ, техникӣ, тиббӣ ва истилоҳоти нав, унсурҳои калимасозиро ҳам ба назар бигирем, дар забони тоҷикӣ зиёда аз 150 ҳазор калима вуҷуд дорад, яъне дар фонди луғавии забони тоҷикӣ иқтидори кофии сохтан ва мутобиқ кунонидани истилоҳоти нав мавҷуд аст. Кӯшишҳое ҳам дар баргардон ва нашри истилоҳоти ҷадид, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мушоҳида мерасад.
Якчанд шумораи охири маҷаллаи “Забон ва истилоҳот”-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ аз назар гузаронидем, мақолаҳои илмӣ – назариявӣ ба усулҳои корбарӣ дар ин самт ишораҳо мекунанд. Фарҳангу луғатномаҳо дорем…
Аммо аз кадом натиҷаҳои бадастомада сабаб дар истифодаи умумӣ камтар аст?
Ду чизи асосӣ аст: яке мактаб ва дигар расонаҳои гурӯҳӣ (ВАО)… Бо ин воситаҳо мардум ба забони худаш тасмимотро бештар мепазирад ва худ бевосита ҳузур пайдо мекунад. Яъне агар шахс бидонад, ки коргузорӣ дар муассисаҳо бо забони модарии ӯст, таълим дар муассисаҳои таълимӣ ба лафзи адабии тоҷикист, кӯшиш мекунад, ки барои иртиботи бонатиҷа ба ин марҷаъҳо ба забони модарии худ беҳтару бештар омил гардад. Дар ин замина, ҳамаи натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ – илмӣ, чӣ дар заминаи илмҳои дақиқ ва чӣ улуми иҷтимоӣ бояд сари вақт ба фанҳои таълимӣ роҳ ёбанд, то хонандагон ба таври пайваста аз он бархурдор бошанд.
Яъне, бачаҳои мо дар мактаб яксара битавонанд, ки ҳам дар бахши улуми табиию дақиқ ҳам бахши улуми инсонӣ (гуманитарӣ), таърих, ҷуғрофиё, ҷомеашиносӣ, табииёт, физика, ҳандаса, ситорашиносӣ, гиёҳшиносӣ, зистшиносӣ… ба забони модарии худ – тоҷикии адабӣ фикрашонро баён кунанд.
Дигар, расонаҳои гурӯҳӣ, воситаҳои иттилооти омма – рӯзномаҳо, телевизион, радио мебошад, ки фаъоланд. Хушбахтона, ин фаъолтарин ниҳодест, ки забони расмиро умумимардумӣ мекунад.
Эҳсос мешавад, ки мардуми мо дар расонидани матлаби худ ба расонаҳои гурӯҳӣ хеле пешрафт кардааст. Дар ин замина, фазои маҷозӣ ҳам бисёр фаъол аст. Бисёр хидмат мекунад. Ҳоло баъзеҳо бадбин ҳастанд, ки забони мо саросар хароб шудааст, мардуми мо масалан забони модарии худро дуруст намедонанд. Вале касоне, ки масалан, солҳои шуравиро дар ёд доранд, медонанд, ки мусоҳиба кардан бо як коргар, ҳатто омӯзгор ба забони тоҷикӣ хеле машаққат дошт. Имрӯз мардум бароҳат пушти баландгӯйи телевизион ва дигар василаҳои иттилоотӣ меоянд ва андешаҳои худро иброз медоранд.
Баъзеҳо дар ин маврид ҳам шикоят мекунанд, ки забони кӯчабозориро ба матбуот роҳ додаанд. Шояд то ҷое ин чиз ҳам бошад, вале озодии баён, гиреҳкушоии забон аз ҳама муҳим аст, ки мушоҳида мешавад ва бисёре аз ин суҳбатҳо ғайриқобили қабул нестанд. Суҳбатҳое ҳастанд, ки барои саросари кишвар фаҳмо ҳастанд, қобили пазириш ҳастанд ва баъзан ҷо-ҷо аз захираҳои забони зиндаи мардумӣ ба воситаи ин суҳбатҳо баҳрабардор мешавем, чизҳое мешунавем, ки пештар нашунида будем.
Вобаста ба таъкиди мутахассисон дар сохтани калимаву истилоҳҳои нав кӯтоҳиву муҷазӣ, дақиқӣ, ҷой надоштани ҳаммаъноӣ (омонимия), шаффофият ва якмаъноӣ, устувориву қобили қабул будани онҳо аз ҷониби соҳибони забон ба назар гирифта мешавад. Ин тавзеҳотро мукаммал мекунед?
Ман, ки пайваста ба ин кор машғул ҳастам, ба воситаи ҳамон гурӯҳи “Дуруст бинависем” (12 сол аст, ки фаъол аст) ва шумораи корбаронаш ҳам хеле зиёд шудааст, дар ҳамин ҷараён дидам, мушоҳида кардам, чӣ қадар забони корбарони озоди шабакаи маҷозӣ суфта шуд. Аввал ҳар гуна суханҳо гуфта мешуд, суханҳо парешон буданд, нопурра буданд ё комилан ғайриқобили қабул буданд. Вале имрӯз бисёри корбарони ин саҳифа ба тавре менависанд, ки навиштаи онҳоро дар хеле аз мавридҳо ҳамон тавре, ки ҳаст, суратнусха карда дар матбуоти ҷорӣ чоп кардан мумкин аст. Таҷриба мешавад. Аз он ки мардум хомӯш бошанд, гуфтугӯ кунанд беҳтар аст, ин кор ҷараён пайдо мекунад, беҳбуд пайдо мекунад. Албатта, ба шарти он ки ҷое назорат шавад, ҷое ислоҳ шавад, ҷое ҳушдор дода шавад, нисбат ба баёни ғайримуносиб ҷое бархӯрд шавад.
Забон чизи муштарак аст, ҳамеша моро масъулият медиҳад, ки вақте рӯйи он кор мекунем, чизи наве мехоҳем ба вуҷуд биёрем пазириши дигаронро ҳам бояд дар назар дошта бошем. Пеш аз ҳама, забони тоҷикӣ меъёрҳо дорад. Забони мо забони ибдоӣ, тозасохт ё маснӯи нест, забонест, ки решаҳои ҳазорсола дорад. Адабиёти фаровони ихтисосии мо меъёрҳои мушаххасеро пешниҳод мекунад, ки риояи онҳо лозим аст. Меъёрҳои корхурдаи он ба эътибор гирифта мешавад.
Дуюм, ин ки санади аввали мо ҳамон мустанадоте аст, ки ба сурати китобҳои бадеӣ ва илмӣ ба нашр расида, то ба рӯзгори мо маҳфуз мондаанд ва, хушбахтона, як мавриди ифтихори барҳақи мо ин аст, ки забони мо аз замони Рӯдакиву Фирдавсӣ чандон тағйир накардааст, ки ҷое ноошно шуда бошад. Яъне, ин забон забони зинда аст. Ҳар чизе, ки дар забони мардум ҷорӣ намешавад, рад мешавад, қабул намешавад, нишони насохтани он бо меъёр аст. Яъне, ҷараёни истилоҳсозӣ бояд, тавре сурат бигирад, ки мардум аз он истиқбол кунад, ба забони худаш роҳ диҳад:
Мутобиқат кардан ба меъёрҳои забони миллӣ;
Маънои мушаххас доштан;
Муҷаз ва равон будан;
Созгор будан барои вожасозӣ.
Шеваи кори ҳар ниҳоде, ки калимасозӣ мекунад, низ ҳамин аст, калимаҳоро ба истифодаи умум пешниҳод менамояд, агар пазируфта шаванд, вориди дастгоҳи корбурдӣ мегардонанд, агар пазируфта нашаванд, ҳамон тавр дар саҳифаҳои китоб боқӣ мемонанд. Чунки табъи соҳибони забон муайян мекунад, ки чӣ чиз қобили зист ҳаст дар матни забон ва чӣ чиз не.
Луғатномаҳо (“Луғати тафсирии забони тоҷикӣ”, “Луғати дорусозӣ”, “Луғати молия ва бонкдорӣ”, “Луғати истилоҳоти ҳуқуқӣ”, “Луғати тоҷикӣ–русӣ”, “Луғати англисӣ-тоҷикӣ” ва монанди ин)-ро метавон дар таҳия ва пешниҳоди калимаҳо ба таври васеъ ба кор бурд. Баъзе мушкилот дар ин самт, монанди ҷой надоштани истилоҳоти ягона, калкаҳо (рӯгардонҳо), луғатҳои рақамӣ ва ғайра ҷой доранд. Бо кадом роҳҳо сатҳи луғатнигории тоҷикро метавон баланд бардошт?
Ҳама чиз қобили тарҷума аст. Ҳоло баъзеҳо мегӯянд, ки масалан, ҳар падидае ё ҳар колое, ки ба рӯзгори мо ворид шуд, бояд ба ҳамон номе, ки соҳибони тавлидкунанда ба он додаанд, истад. Ин назария радшуда аст. Дар таҷрибаи ҳеҷ як аз халқҳои ҷаҳон ин назария қобили қабул набудааст. Ҳамаи миллатҳои ҷаҳон истилоҳҳоро чӣ нав бошад, чӣ куҳна, дар ниҳоят кӯшиш мекунанд, ки ба забони худашон баргардонанд. Аҳёнан истилоҳҳое пайдо мешавад, ки умумӣ мешаванд. Фақат талаффузашон миллӣ мешавад. Мисли калимаи мошин, ки барои мо мисли як калимаи масдарӣ шудааст – дар асоси он мо боз чандин калимаҳо сохтаем – мошинӣ, мошинсоз, мошинсаро ва ғ., вале инҳо андаканд.
Агар мо ҳамаи он падидаҳоеро, ки аз берун меоянд, ба ҳамон номи бегона қабул кунем, дар муддати кам аз забони мо чизе андак боқӣ мемонад. Мардум ҳам ин корро худаш мекунад, агар мо накунем. Мисли “зардеворӣ” (обой намегӯяд), ё коғаздеворӣ ё зардеворӣ мегӯянд. Яъне, табиати забон худаш инро мехоҳад.
Ва албатта, Кумитаи забон ва истилоҳот вазифадор аст, ки масъалаҳои вожагузинӣ, вожасозиро пайваста зери назар бигирад ва ба сурати зудкор пешниҳоди омма гардонад. Ҳар пешниҳоду тозакорие, ки дар ин самт мешавад, аз муассисаҳо, ё ба сурати инфиродӣ, онҳоро танзим карда, мақбулашро тавассути расонаҳои гурӯҳӣ нашр ва номақбулашро рад кунад.
Дар умум аз таҷрибаи хусусии худам ба ин натиҷа расидаам, ки чизе нест, падидае нест дар ҷаҳон, ки дар қолаби забони мо ба беҳтарин сурат гунҷонда нашавад. Забони мо истилоҳотро басо шевотар, ҳатто муҷазтар ва зеботар аз забони асл метавонад дар худаш тарҷума кунад, ё гунаи тоҷикиашро бидиҳад.
Аз ҳамин мусоҳиба хонандаи мо чӣ дастурҳои амалӣ барои корбурди рӯзмарра бигирад?
На ба унвони “дастури амалӣ”, балки чун дастовез барои хонандаи ин мусоҳиба метавонад чанд истилоҳ, ки дар ҳамон саҳифаи “Дуруст бинависем” пешниҳод ва мавриди табодули назар гардида ва бархе ҳам дар корбурди рӯзмарра ворид шудаанд, манзур гардад. Аз ҷумла:
БАРҚКАШ (симкаш, васлгари барқ) [برق کش (سیم کش، وصلگر برق)] – электромонтажник;
БАРЧАСП [برچسپ] – этикетка, наклейка;
БОҒИ НАБОТ (гиёбоғ) [باغ نبات (گیاباغ)] – ботанический сад;
ГАЗБАНД (газполо) [گازبند (گازپالا)] – противогаз;
ГАРДОНА [گردانه] – двигатель, мотор;
ГАРДОНАБАРҚ [گردانه برق] – генератор;
ГИРОНА [گیرانه] – ключ зажигания (заводной) ;
СУРАТГУЗОРИШ (гузоришнигора) [گزارش نگاره (صورت گزارش)] – фоторепортаж;
ГӮШОНӢ [گوشانی] – наушники;
ДАМПОЛО [دَم پالا] – респиратор, паном;
ДАРСИ ДИДОРӢ (дарси тасвирӣ, дарси фаронигораӣ)
[درس دیداری (درس تصویری، درس فرانگاره ای)] – видеоурок;
ДАСТАНҶОМ [دست انجام] – сумка, ручная кладь;
ДИДГАР (дурбини назорат) [دیدگر (دوربین نظارت)] – камера наблюдения;
ДОҒЧАСП [داغ چسپ] – вулканизация шин;
ДОНИШНИГОР (нигоромӯза, тасвирбаён) [دانش نگار (نگارآموزه، تصویربیان)] – инфографика;
ЁРА [یاره] – система бесперебойного электропитания (UPS: сокр. от Uninterruptible Power Supply);
ДОРУЧАК [داروچک] – капельное внутривенное вливание, «капельница»;
ЗАМИНПАЙМО [زمین پیما] – землемер;
ЗЕҲ (пайнах) [زه (پی نخ)] – жилка, леска;
ЗИНАГАРДОН (зинаи равон) [زینه گردان (زینه روان)] – эскалатор;
КАША (кашӣ) [کشه (کشی)] – трос для буксировки;
КӮРАРОҲ [کوره راه] – лабиринт;
ҚАФАСОБ [قفساب] – аквариум;
ҚАҲВАСО(Й) [قهوه سا(ی)] – кофемолка;
ҚАҲВАҶӮШ (қаҳвасоз) [قهوه جوش (قهوه ساز)] – кофеварка;
ЛАВҲИ ЛАМСӢ (лавҳи пармосӣ) [لوح لمسی (لوح پرماسی)] – сенсорный экран;
ЛАНГАРГОҲ (мошинсарой) [لنگرگاه (ماشین سرای)] – автопарк;
ЛИЖАК; ЛИЖА (лизак) [لیژک (لیزک)] – лыжа;
МОШИНРАБОТ [ماشین رباط] – автостоянка;
МОШИНСОЗ (ҳунарвар) [ماشین ساز (هنرور)] – механик;
МОШИНХОНА [ماشین خانه] – гараж;
НАҚШАНИГОРӢ [نقشه نگاری] – картография;
НАМОГАРДОН (намогард, дурфармон) [نماگردان (نماگرد، دورفرمان)] – пульт дистанционного управления;
НАМОГУЗОРИШ (نما پذارش) – видеорепортаж;
НЕРУЁР (ёра) [نیرویار (یاره)] – батарея;
НИШОНБАРГ [نشان برگ] – визитная карточка (визитка);
НОВВАРАҚ/сафолак (филиз) [ناوَّرق] – шифр, черепица;
НОМБАРГ [نام برگ] – бейджик, бирка;
НОШНОПАР [ناشناپر] – неизвестный летательный объект (НЛО);
НУРАФКАН [نور افکن] – прожектор;
ОБАФШОР (обмевагир) [آب افشار (آبمیوه گیر)] – соковыжималка;
ОБРАВСОЗ (лӯлакаш) [آبروساز (لوله کش)] – сантехник, водопроводчик;
ОЗАРАФШОН – фейерверк;
ОҲАНГОРО [آهنگ آرا] – аранжировщик музыки;
ОШЁНБАР (ошёнпаймо) [آشیان بر (آشیان پیما)] – лифт;
ПАЙГИР [پی گیر] – полицейский радар, доплеровский радар;
ПАЙЗАН (сӯрохкун) [پی زن (سوراخ کن)] – дырокол;
ПАРАЧАТР (парчатр, чатри наҷот) [پره چطر (پرچتر، چتر نجات)] – парашют;
ПОША, афшона [پاشه، افشانه] – пульверизатор, распылитель;
РАВГАҲ [روگه] – проезд;
РАВТОР (торгард, кобини раҳтор) [رُوتار (تارگرد، کابین ره تار)] – кабина канатной дороги;
РАҲКАМАР (ҳалқароҳ) [ره کمر (حلقه راه)] – кольцевая дорога;
РАНГНОЙ [رنگ نای] – запаска стержни для ручки;
РАСАНБАРҚӢ (симробит) [رسن برقی (سیم رابط)] – электрический удлинитель;
РАҲНИШОН [ره نشان] – дорожный знак;
РАҲОНА [رَهانه] – проездной билет;
РАҲТОР [ره تار] – канатная дорога;
РЕЗБИН (бузургнамо, пурбин) [ریزبین (بزرگ نما، پربین)] – лупа;
РЕЗГӢ [ریزگی] – микроорганизм, микроб;
РӮГАРДОН [روگردان] – калька, калькирование в лингвистике;
РӮКОРИИ ЧАРХҲО [روکاری چرخ ها] – шиномонтаж;
РОНИШГОҲ [رانشگاه] – автодром;
СИМГАРД [سیم گرد] – троллейбус;
СИМЗАН (варақдӯз, мошиндӯхт) [سیم زن (ورق دوز، ماشین دوخت)] – степлер, сшиватель;
СИМОНШӮР (бетонсоз; бетоншӯр) [سیمان شور (بتن ساز؛ بتن شور)] – бетоносмеситель, бетономешалка;
СОЗИ ЧАРХ [ساز چرخ] – балансировка колёс;
СУРЪАТНИШОН (шитобгир) [سرعت نشان (شتاب گیر)] – искусственная дорожная неровность, «лежачий полицейский»;
НАВОРМЕТР/НАВОРГАЗ [نوارمتر)] – рулетка (инструмент для измерения длины)
ТОВТИР/ТОБТИР (милиланг) [تاو تیر (میل لنگ)] – коленчатый вал;
ТӮРДЕВОР (симтӯр) [توردیوار (سیم تور)] – заборная сетка;
ФАРОТОБ [فراتاب] – проектор;
ФИШОРСАНҶ (فشارسنج) – давломер;
ХАТГАРД [خط گرد] – маршрутное такси, маршрутка;
ХОБА [خوابه] – консервы;
ХОБОНДАН خواباندن)) – консервировать;
ХОНИСТОН (хонаи бисёркошона) [خانستان (خانه بسیارکاشانه) ] – многоквартирный дом;
ХУДПАР [خودپر] – беспилотный летательный аппарат (БПЛА);
ҲАВОНАВАРД (халабон) [هوانورد (خلبان)] – летчик, авиатор;
ҲАВОСОЗ [هواساز] – кондиционер;
ҲАВОПАЙК [هواپیک] – квадрокоптер;
ҲАМСОЗИИ ЧАРХҲО [همسازی چرخ ها] – развал-схождение колёс;
ЧАКОНА [چکانه] – пипетка;
ҶОМАГАҲ (рахткан) [جامه گه (رخت کن)] – гардероб (гардеробная)…Начало формы
Ташаккур барои пешниҳоди маълумоти зарурӣ. Бовар дорам, ки дар ин самт пешрафтҳои беш аз пеш сурат хоҳад гирифт.
Хонандаи азиз, сипос, ки бо мо будед…
Муслима МАННОН
Академияи ВАО
Тоҷикӣ
Русский
English