ИНТИҲОИ МАШҒУЛИЯТИ КОРГАРДОНӢ
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” бо дастури роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзиширо таҳти унвони “Асосҳои кори коргардонӣ дар телевизион” баргузор намуд.
Машғулият аз 13 то 20 июли соли ҷорӣ дар толор ва студияҳои “Телевизиони Душанбе” доир гардида, роҳбарии дарсро ҳамчун омӯзгор (тренер) коргардони ҳирфавӣ, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Оқилзода Маъруфҷон бар уҳда дошт.
Дар курси бозомӯзӣ коргардонҳои соҳа, донишҳои назариявию амалии худро дар ин ҷода такмил дода, бо истифода аз таҷҳизоти муосири замонавӣ, ҳамоҳанг намудани кор бо гурӯҳи эҷодӣ, интихоби декоратсияи мувофиқ, истифодаи дурусти равшанидиҳӣ дар ҳолатҳои мухталиф, коргардонӣ дар барномаҳои берун аз студия ва дигар паҳлӯҳои ба ин пеша рабт доштаро омӯхтанд.
Дар фарҷоми машғулият ба 11 нафар иштирокчии фаъол сертификати Академияи ВАО тақдим гардид.
Тоҷикӣ
Русский
English