БОЗДИДИ ИШТИРОКДОРОНИ ДАРСИ ЗАБОНИ РУСӢ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

Муассисаи давлатии Академияи ВАО  тибқи нақша дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» курси омӯзиши забони русиро аз 2 апрели соли ҷорӣ ташкил намуд, ки он 3 моҳ (то 2 июли соли 2026) бо низоми дар як ҳафта 3 маротиба (душанбе, чоршанбе ва ҷумъа) идома меёбад.

Дар муддати зиёда аз ду моҳ шунавандагони дарс – мутахассисони мухталифи ВАО аз нозукиҳои ин забон бо роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарифзода Нозанин ошно гардиданд ва вобаста ба нақшаи таълимӣ дар қисмати амалии машғулият иштирокдорон ба корҳои амалӣ ҷалб карда шуданд, ки дар он корбурди пойгоҳи луғавӣ ва инкишоф додани нутқ дар назар гирифта мешавад.

Вобаста ба ин, санаи 22-юми соли ҷорӣ гурӯҳи иштирокдорони курси русӣ бо роҳбарии омӯзгори фаннӣ ва сармутахассиси шуъбаи нашрия Муслима Манонова бо мақсади шиносоии наздик аз фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик, таҳкими хештаншиносӣ ва густариши ҷаҳонбинии таърихиву фарҳангӣ, қавӣ гардонидани ҳамкориҳои ВАО бо муассисаҳои фарҳангиву мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осорхонаи миллӣ рафта, бо марҳилаҳои рушди мадании тоҷикон аз наздик шинос шуданд.

Дар навбати худ мутахассисони Осорхонаи миллӣ ҳозиринро хуш пазируфта, оид ба бозёфтҳои арзишманди таърихӣ, мероси ғании халқи тоҷик дар марҳилаҳои гуногуни инкишоф маълумоти муфид доданд. Саволуҷавоб ва суҳбатҳои озод барои иштирокдорон таҷрибаи амалӣ ҳам дар инкишоф додани нутқ бо забони хориҷӣ ва ҳам бозгардон кардани донишу ҷаҳонбинии таърихияшон гардид.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.