ДИДИ ВАСЕИ ЖУРНАЛИСТ – КАФОЛАТИ НИЗОМИ ДУРУСТИ ФАЪОЛИЯТ
Аз 15 то 19 июни соли равон дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ таҳти унвони “Диди журналист” гузаронида шуд, ки онро рӯзноманигор, адиб ва собиқадори соҳа Иззатманд Саломиён доир намуд. Вобаста ба муҳиммияти ин мавзӯъ мо бо мутахассис мусоҳиба анҷом додем:
Барои хонандаи мо нахуст муҳтаво ва моҳияти ҳамин ифода (диди журналист)-ро хотиррасон мекаред…
Тафовути байни нигоҳи як нафар шахси одӣ ба масъала ва муносибат, бархӯрди журналист ба ин ва ё он ҳодисаву воқеаҳо метавонад диди журналист бошад. Яъне, ин мафҳум фаҳмишест, ки ба бетарафӣ, беғаразӣ, воқеъбинӣ, дақиқназарии журналист иртибот мегирад. Аз ҷониби дигар, худи ҷаҳонбинии умумии як журналист, ки дар расонаи мушаххас кор мекунад, метавонад диди рӯзноманигории ӯ бошад – дониш, қобилияти корбарӣ, таҷриба ва ғ.
Як силсила критерияҳо (объективият, аҳамиятнокӣ, равшанӣ ва фаҳмо будани мавзӯъ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва ғ.) низ ҷой доранд, ки ҳангоми баррасии масъалаҳо журналистон ба инобат мегиранд. Яъне, журналист ҳамеша дар пайи он аст, ки барои исботи андешааш далели мустаҳкам ёбад. Он қобилияти дарки дуруст дар пайвастагӣ бо таҳлилу баррасии мавзӯъро дорад. Дар муқоиса ба ин, шахсони одӣ дар асоси эҳсосот, таҷрибаҳои шахсӣ хулосабарорӣ менамоянд.
Журналист чӣ гуна метавонад мавзӯъҳоро аз нигоҳи касбӣ дуруст арзёбӣ кунад?
Қаблан, бояд зикр намуд, ки мафҳумҳои журналистикаи факту далел, журналистикаи таҳлил ва журналистикаи андеша вуҷуд дорад, ки ҳамаи инҳо аз якдигар куллан фарқ мекунанд. Вақте гап дар бораи хабар меравад, он аз далелу рақам иборат мешавад. Дар он саҳми журналист – андешаҳои шахсӣ, маслиҳат нест.
Албатта, баъзан дар барномаҳои хабарӣ ҳам ҳолати истисноӣ ҷой дорад, ки журналист метавонад фикри шахсии худро ифода кунад – мавзӯъ сифр фарҳангӣ ё варзишӣ бошад, ё ҳолати дуюм, вақте худаш қаҳрамон аст. Масалан, шумои журналист аз мани журналист вақте мусоҳиба мегиред, ман ҳаққи ибрози фикри шахсии худро дорам.
Дар журналистикаи андеша, вақте ки мо блок менависем, масалан, вақте мо коллонкаи худро дорем, дар он ҷо имконият аст, ки андешаҳои инфиродии худро баён кунем.
Дар таҳияи барномаҳо ва навиштаҳои ҷолиб диду ҷаҳонбинии васеи журналист таъсири амиқ дорад, ки як мутахассис дар соҳаи журналистика наметавонад ҳамаи донишҳоро фаро бигирад. Роҳкорҳои мушаххасе вуҷуд дорад, ки ҷараёни баланд бурдани сатҳи касбияти журналистонро тезонад?
Бале, журналист як соҳаи муайяни кору фаъолияти иҷтимоиро интихоб карда, ба тариқи мудовим дар ҳамон ришта кор мебарад (тиб, санъат, иқтисод…), китоб мехонад, барномаҳо, филмҳои ҳуҷҷатиро тамошо мекунад, таҷрибаи одамон – мутахассисони муваффақро меандӯзад… Майнаи инсон монанди мушакҳои дасту по ҳастанд, мушакро агар машқ надиҳед, қавӣ ва солим намешавад, ҳамин гуна майнаи сарро ҳам, ки агар китоб нахонед, рушд намеёбад. Дар ҳар сурате асос тақвият додани дониш аст. Ҳар чи қадар дониш зиёд шуд, ҷаҳонбинӣ ҳамон қадар васеъ мешавад.
Боз кадом омилҳо боиси пешрафти кор дар самти журналистикаи амалӣ мегардад?
Чанд омиле ҳаст, ки барои беҳтар шудани сифати кор кӯмак мекунад. Яке аз омилҳо то кадом андоза бозоргир будани мавзӯъ ё манфиати иқтисодӣ овардани он ба корхона мебошад. Агар мавзӯъ доғ аст ва услуби пешниҳод ҷолиб, журналист эътироф мешавад ва баракс.
Ва хуб кардан аз пур кардан мешавад. Ягон бор мо қобилияти худро наозмоем, тавонмандиҳои мо рушд намекунад. Як коргари эҷодӣ наметавонад ҳамавақт муваффақ бошад. Паҳлӯҳои афтишу болоравии эҷодиёт ҷой дорад, аммо даст ёфтан ба ягон нуқтаи муайян аз бисёр таҷриба кардани ҳамон чиз аст.
Дигар омил ба услуби корбарии роҳбарият бастагӣ дорад. Масалан, агар роҳбари идораи шумо худаш аз документалистика хабардор бошад, аз филмсозӣ хабардор бошад, кӯшиш мекунад, ки тобеони худро ба ҳамон сатҳ кашад ва баракс агар шахси бехабар, бетаҷрибаву бе дониши ихтисосӣ бошад, ҳеҷ кас қадршиносиро намебинад. Мегӯянд, ки қадри зар – заргар медонад.
Чизи дигар, мактаби назариявӣ аст. Адабиёти ихтисосии ба талаботи бозори меҳнати мо ҷавобгӯй дар ҳар самти журналистика бояд ҷой дошта бошад. Назария надошта бошед, мутахассисонро наметавонед эрод гирифта, ки амалан суст аст. Дар пояи бисёр мустаҳками донишҳои назариявӣ мо кормандонамонро даъват мекунем, ки фаъолиятро ба роҳ монанд ва такягоҳи дуруст дошта бошанд.
Нақши таҳқиқот ва санҷиши рақам дар диди васеи журналистӣ чӣ гуна сурат мегирад?
Ин мавзӯи тамоман алоҳида – нав аст. Журналистикаро иқтидор мебахшад ин чиз. Мо баъзан тасаввур мекунем, ки интернет омад, нақши журналист заиф гардид, дар ҳақиқат дар фаврият мо мавқеъро аз даст додем, аммо дар баробари ин, дигар имкониятҳо пайдо шуд – интернет воситаҳоеро барои журналистон фароҳам кард, ки барои густариш додани кори худ метавонанд истифода кунанд. Масалан, фактчекинг инструментҳое пайдо кардааст, ки метавонем, дақиқ дар ҳар мавзӯъ фикрамонро баён кунем, бо боварӣ корро пеш барем – дар яке аз музейҳои шаҳри Москва сурати Ленин аст, ки шоҳмот бозӣ мекунад. Ин сурат чанд бор тағйир ёфтааст. Яъне, дар аввал мушоҳида мегардид, ки дар давру бари ӯ одамони шинохта ҳастанд. Аммо бо гузашти солҳо ба ҷойи як одам сутун ва дар каси дигар, ки бозиро назора дошт, холигӣ пайдо шудааст (вобаста ба сиёсати замон). Дар фактчекинг мо суратро ҷойгир карда, яқин мекунем, ки чӣ гуна давра ба давра суратро бозкорӣ кардаанд – ҳама бо рақамҳои дақиқ нишон дода мешавад.
Матни асл кадом аст, сурат дар куҷо ва кай аксбардорӣ шудааст ва ғ.-ро мо тавассути фактчекин дарҳол муайян карда метавонем. Ё ин ки як бор овозамонро ворид кунем, дигар ҳар матнеро ба овози мо бармегардонад (дипфейк) ва ончунон монанд месозад, ки ҳатто мутахассиси сатҳи баланд онро аз сунъӣ фарқ карда наметавонад.
Дигар ин ки бо фароҳам будани маълумоти васеъ дар интернет муносибати журналист ба мавзӯъ дигар гардид – пештар агар дар бораи ягон давлат маълумот ҷамъ овардан лозим мешуд, рӯзноманигор ба мутолиаи чанд асар маҳдуд мешуд, энсклопедия меҷӯст. Ҳоло ин корро дар як чашм задан тавассути интернет анҷом медиҳем.
Вобаста ба ҳамин мавзӯъ (диди журналист) ҳангоми баррасии масъалаҳои баҳснок рӯзноманигор бо кадом шева мавқеи бетарафиро интихоб намояд?
Дар ҳар ҳолате журналисти касбӣ дар қафои адолат меистад. Мавзӯъ баҳснок аст ё не, ба ҳар ду тараф мо имконият медиҳем, ки суханашонро гӯянд, худашонро ҳимоя кунанд.
Дар ҷараёни инъикос як функсияи кори журналист боз аз он иборат аст, ки ба ҳайси миёнарав хидмат мекунад. Яъне мо ҳарчанд ҳақиқиатро медонем, коре намекунем, ки вусъат гирад, балки тарзе бархӯрд мекунем, ки алангаи оташ хомӯш шавад. Масалан, ду ҷониб, ки адоват доранд, мо агар интихоб кунем мусоҳибонеро, ки адоваташонро рӯйирост изҳор мекунанд, оташ бештар аланга мегирад. Вазифаи журналист дар чунин ҳолатҳо он аст, ки нафаронеро ёбад, ки майл ба сулҳ доранд. Ё байни як зану шавҳар носозгорӣ вуҷуд дорад. Зимни мудохила мо аз саволҳое, монанди Ҳодиса чӣ хел буд? Шумо кай латукӯб шудед? Баъд шумо чӣ ҷавоб додед? парҳез мекунем. Ба ҷойи ин мепурсем, ки Шумо як замон ба ҳамдигар ошиқ будед, ҳамон давр зиндагӣ чӣ хел мегузашт? Чунин ҳолат рӯҳияи мусоҳибонро тағйир медиҳад, майл мекунанд ба ҷониби хушӣ. Яъне, дар ҳолатҳои низоъу даргирӣ журналист вазифаи миёнаравро ихтиёр мекунад. Миёнараве, ки шиддати низоъро пасттар кунад.
Шабакаҳои иҷтимоӣ ба диди журналист чӣ гуна таъсир мерасонанд? Паҳлӯҳои мусбати ин таъсир бештар аст ё манфӣ?
Агар журналист ҳушёр бошад, аз шабакаҳои иҷтимоӣ фақат ба манфиати кор истифода мекунад. Шабакаҳои иҷтимоӣ сарчашмаи иловагии таҳқиқот ва омӯзишанд. Журналисти воқеӣ қобилияти таҳлил кардан дорад ва шабакаҳои иҷтимоӣ наметавонанд боиси дигар гардидани мавқеъ ва диди ӯ ба маънои манфӣ гарданд. Барои фаҳмидани рӯҳияи мардум рӯзноманигори муваффақ аз шабакаҳои иҷтимоӣ самаранок истифода мебарад.
Дар маҷмуъ бо гузашти вақт диди журналист метавонад тағйир ёбад? Чаро?
Дар ҷомеа ҳеҷ чизе нест, ки тағйир наёбад. Ҳама чиз дар инкишоф аст. Агар ин тағйирот ба ҷанбаи мусбат бошад, хуб аст, агар ба ҷиҳати манфӣ бошад, бад. Адолат, беғаразӣ, бетарафӣ, ҷӯстани ҳақиқат дар мадди назар бошад, ҳеҷ бадӣ надорад.
Журналист чӣ гуна метавонад эътимоди аудиторияро тавассути диди касбии худ ба даст биёрад?
Як чизро пояи эътимод мегӯянд. Як бор хабари дурӯғ мерасонед, як бор хабари нодуруст мерасонед, эътимоди ҷомеаро аз даст медиҳед. Барои эътимод пайдо кардан росткору дурусткор будан даркор аст. Инҳироф ё ба самте майл кардед, як ҷонибро аз даст медиҳед. Ҳамавақт аз рӯйи адолат кор кардед, эътироф мешавед. Бо мардум будан ва ба пайгирии мавзӯъҳои дархӯри мардум машғул шудан, шуморо муваффақ мегардонад.
Дар шароити башиддат паҳншавии хабарҳои бардурӯғ масъулияти журналист то куҷост?
Паҳншавии зуди фейк аст, фактоид аст, дипфейк аст, яъне ҳамаи ин ба ҷалъӣ будан, сунъӣ будан вобастагӣ доранд, ки ҳамоно аз ин падидаҳо мардуми одӣ бештар зарар мебинанд. Масъулияти журналистон бо корбурди абзорҳои махсуси мубориза ҳам тавассути интернет ва ҳам бевосита кашф кардани ҳақиқат аст.
Бале, мутахассиси касбӣ дар ҳар шароите фаъолияти худро ба талаботи замон мувофиқ мекунад, дуруст кор карданро сареъ меомӯзад, роҳҳои пешгирӣ аз таъсирпазирии манфиро меёбад. Категорияи мардум, ки ба хабар таваҷҷӯҳ доранд, аз пайгирии маводи иттилоотӣ – таҳлилӣ боз намеистанд ва журналисти масъулиятшинос ҳаводори худро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад, балки дар ҳар шароите иттилои объективонаро пайдо ва сари вақт нашр мекунад.
Ояндаи журналистикаро аз ҳамин ҷанба чӣ гуна мебинед?
Агар баъзе функсияҳои журналистӣ аз байн раванд, функсияҳои дигари он пайдо мешавад. Масалан, бисёр ширкатҳои калони иттилоотрасон дигар ба хабарнигор зарурат надоранд, фақат як нафар рақам, ҳодисаро ворид мекунад, худи бот идома медиҳад. Аммо он қобилияти таҳлилро надорад. Ё ҳоло чат аз рӯйи маҷмӯи васеи маълумот, ки фарогир аст, дилхоҳ иттилоъро манзур мегардонад. Аммо аз рӯҳия ва талаботи аслии омма бехабар аст. Журналисти воқеӣ ин ҳолатҳоро пурра ва пайваста меомӯзад, маҳораташро сайқал медиҳад, мутобиқ мешавад ва эътимоди мардумро нисбати давлату миллат нисбати касби худ нигоҳ медорад.
Суҳбат хеле омӯхтанӣ аст. Саломат бошед!
Муслима МАННОН
Академияи ВАО
Тоҷикӣ
Русский
English