ПРИНСИПҲОИ ФАЪОЛИЯТИ КОРГАРДОНИ ТЕЛЕВИЗИОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Хонандаи азиз, ассалому алайкум. Мо силсилаи суҳбатҳои ихтисосии худро идома медиҳем. Ин навбат дар мавзӯи “Асосҳои фаъолияти коргардони телевизион” бо директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Маъруфҷон Оқилзода мусоҳиба дорем. Умедворам, хубу саломат ҳастед…

Ташаккур!

Дар шурӯи суҳбат мехостам фаҳмидан, ки иштирокчиёни машғулияти омӯзишӣ аз имтиҳони як коргардони пахшҳои мустақим гузаштанд? Фаъолмандияшон чӣ гуна буд?

 Машғулияти омӯзишӣ нишон дод, ки дар байни иштирокчиён шавқу рағбат ба омӯзиши касби коргардонии телевизион хеле зиёд аст. Аммо, бояд воқеъбинона гуфт, ки қисми зиёди онҳо таҷрибаи кофии амалии кор дар телевизионро надоранд. Аксарият танҳо ба ҷанбаҳои назариявии фаъолияти коргардон ошно ҳастанд, вале ҳангоми кор бо таҷҳизоти муосири телевизионӣ, аз қабили пултҳои рақамии идоракунии пахш, системаҳои автоматии эфир, камераҳои студиявӣ, серверҳои пахш, графикаи телевизионӣ ва дигар технологияҳо ҳанӯз ҳам ба омӯзиш ниёз доранд.

Имрӯз телевизион бо суръати баланд рушд мекунад. Технологияҳои рақамӣ, истифодаи шабакаҳои IP, пахши бисёркамеравӣ, студияҳои виртуалӣ ва низомҳои автоматишуда аз коргардон на танҳо завқи эҷодӣ, балки дониши мукаммали техникиро низ талаб мекунанд. Аз ин рӯ, барои коргардони муосир донистани тарзи кори таҷҳизоти студия, принсипи ҳамоҳангсозии камераҳо, системаи садо, равшанӣ, графика ва пахши мустақим зарур аст.

Бо назардошти сатҳи фаҳмиш ва дараҷаи корбарӣ масъалаҳои мазкур дар ҷараёни омӯзиш бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки бо таҷҳизоти воқеии телевизионӣ кор карда, тарзи идора намудани ҷараёни пахши мустақим, ҳамоҳангсозии фаъолияти операторон, муҳандисони садо, равшанидиҳандагон ва дигар кормандони техникиро аз наздик омӯзанд.

Дар баробари ин, мо ба онҳо фаҳмонидем, ки коргардон роҳбари эҷодии барнома мебошад. Масъулияти пурраи сифати эфир бар зиммаи ин мутахассис аст. Аз интихоби кадр, тарзи пешниҳоди мавод, ритми барнома, ҳамоҳангии гурӯҳи эҷодӣ ва техникӣ то қабули қарорҳои фаврӣ ҳангоми пахши мустақим ба фаъолияти ӯ вобастаанд. Дар ҳолатҳои ғайричашмдошт маҳз коргардон дар муддати чанд сония роҳи ҳалли мушкилро пайдо мекунад ва намегузорад, ки ҷараёни эфир халалдор гардад.

Коргардон мутахассиси самти техника ва донишманди ботаҷрибаи эҷоду навоварист, ташкилкунандаи тамоми ҷараёни истеҳсоли барномаи телевизионӣ мебошад. Ӯ тарҳи умумии барномаро муайян намуда, кори журналист, наворбардор, муҳандиси садо, равшанидиҳанда, ороишгар, кормандони самти монтаж ва ғ.ро назорат менамояд. Вазифаи асосии коргардон ин аст, ки идея ва мазмуни барнома бо сифати баланд – касбӣ ва ҷолиб пешниҳоди тамошобин карда шавад.

Зинаҳои фаъолияти коргардонро дар барномаҳои телевизионӣ мушаххасан номбар мекардед...

Фаъолияти коргардон одатан аз се марҳилаи асосӣ иборат аст:


1. Марҳилаи омодагӣ (пеш аз сабт ё пахш): омӯзиши мавзӯъ (муайян кардани ҳадаф ва мазмуни барнома), таҳияи сенария (ҳамкорӣ бо муаллиф дар таҳрири сенария), нақшаи наворгирӣ, интихоби ҷойи сабт ва тақсими вазифаҳо;


2. Марҳилаи истеҳсол (сабт ё пахши мустақим): идоракунии раванди сабт, роҳбарии гурӯҳи эҷодӣ ва техникӣ (идора кардани кори ровӣ, наворбардор, садобардор ва дигар аъзои гурӯҳ), интихоби кадрҳо ва назорати сифати кор;


3. Марҳилаи пас аз истеҳсол: иштирок дар монтаж (интихоби тарзи пешниҳоди мавод), интихоби мусиқӣ, графика, танзими садо ва тасвир, омода намудани варианти ниҳоии мавод (назорати пахш ва таҳлили фикру мулоҳизаҳои тамошобинон барои беҳтар намудани барномаҳо дар оянда).

Шумо ҳамчун роҳбар ба фаъолияти коргардонҳои шабакаҳои телевизионӣ чӣ баҳо мегузоред? Кадом паҳлӯҳои мусбати кор қобили таҳсин ва чӣ мушкилоте дар ин самт ҷой дорад?

Имрӯз сатҳи касбии коргардонҳои телевизионӣ нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар шудааст. Технологияҳои муосирро истифода мебаранд, таҷрибаи байналмилалиро меомӯзанд ва дар таҳияи барномаҳои ҷолиб кӯшиш мекунанд:

  • Эҷоди барномаҳои бомантиқ ва ҷолиб;
  • Ташкили дурусти фаъолият бо дастаи корӣ;
  • Истифодаи усулҳои эҷодӣ ва технологияҳои нав;
  • Тарғиби фарҳанг, забон ва дигар арзишҳои миллӣ;
  • Натиҷанокӣ.

Бо вуҷуди ин, мушкилот низ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, зарурати омӯзиши пайваста, азхудкунии технологияҳои нав, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, рушди тафаккури эҷодӣ аз масъалаҳои муҳим мебошанд:

  • Маҳдуд будани имкониятҳои техникӣ дар баъзе шабакаҳо;
  • Камбуди идеяҳо дар таҳияи барномаҳои нав;
  • Норасоии мутахассисони касбӣ дар баъзе самтҳо;
  • Такрори мазмун дар барномаҳои телевизионӣ.

Хулоса, фаъолияти коргардонҳои телевизионӣ дар рушди воситаҳои ахбори омма, махсусан телевизион ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа аҳамияти калон дорад. Бо беҳтар намудани заминаи техникӣ, дастгирии эҷодкорон – журналистон, коргардонҳо ба боз ҳам беҳтар гардидани сифати барномаҳои телевизионӣ метавонад умедвор гардид.

Дар коргардонии барномаҳои мустақим ва сабтшуда чӣ тафовут вуҷуд дорад?

Дар пахши мустақим коргардон ҳаққи ислоҳи хаторо надорад. Ҳама қарор бояд фавран қабул шаванд, зеро ҳар як иштибоҳ ҳамон лаҳза ба тамошобин намоён мегардад.

Аммо дар барномаҳои сабтшуда имконияти такрори наворгирӣ, ислоҳи камбудиҳо, дар монтаж илова намудани дилхоҳ ҷузъиёт ва беҳтар намудани сифати мавод вуҷуд дорад, яъне ҷараёни кор марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд. Аз ин рӯ, пахши мустақим масъулияти бештар ва омодагии баландро талаб мекунад.

Дар шароити феълӣ, ки доманаи фаъолият хеле густурда шудааст ва рақобат дар нашри сареи ахбор шадид гардида, журналист ё дигар кормандони техникӣ низ метавонанд кори коргардонро иваз кунанд. Дар чунин шароит чӣ чиз ба масъулият ва вазифаҳои коргардон зам ва кадом сарборӣ кам мегардад?

Албатта, бо назардошти таъмини фаврият ҳам кормандони эҷодӣ ва техникӣ муваззаф мегарданд, ки малакаи коргардонии худро дар амал истифода баранд. Аммо, ин ки ҳар корманд ҷойи коргардони касбиро мегирифта бошад, нодуруст аст.

Коргардон ҷаҳонбинии умумии барнома, драматургия, ритм, тарзи пешниҳоди мавод, идоракунии гурӯҳи эҷодӣ ва қабули қарорҳои асосиро ба зимма дорад. Техника ва техология низ метавонанд баъзе корҳои техникӣ ва ҳатто баъзе вазифаҳоро сода намоянд, вале нақши эҷодӣ ва роҳбарии коргардон ҳамоно муҳим боқӣ мемонад.

Дар пешниҳоди матлаб муносибати дуруст бо кадр аҳамияти хос дорад. Шумо ҳамчун мутахассис ба кадом намудҳои нақшаи навор (пурра, миёна, умумӣ…) дар телевизион бартарӣ медиҳед – дар хусуси услуби таҳияи маводи телевизионӣ аз ҳамин ҷиҳат маълумот медодед…

Кадр забони асосии телевизион мебошад. Ҳар як намуди кадр вазифаи худро дорад:

Навори умумӣ – барои нишон додани муҳит ва фазои воқеа;

Навори миёна барои нишон додани амал ва муносибати иштирокчиён истифода мешавад;

Навори наздик – барои ифодаи эҳсосот ва ҷузъиёти муҳим;

Навори пурра – барои таъкид намудани тафсилоти махсус.

Дар маҷмӯъ зимни таҳияи барномаи телевизионӣ истифодаи дурусти ҳамаи ин намудҳои кадр, ки ба мазмуни барнома алоқаманданд, таъсири калон мерасонанд. Ман ҷонибдори он ҳастам, ки ҳамаи намудҳои навор вобаста ба сохтори сенария дуруст – бамаврид ва пайдарпай истифода шаванд.

Идомаи кори коргардонӣ дар танзимгоҳ шакл мегирад. Дар хусуси коргардони танзим чанд сухан гӯед…

Дар шабакаҳои телевизионии мо имрӯз воҳиди алоҳидаи коргардони танзимвуҷуд надорад ва ин мафҳум бештар ба фаъолияти синамо ва истеҳсоли филмҳо тааллуқ мегирад. Аммо дар сурати таҳияи филмҳои телевизионӣ, намоишҳои махсус ё лоиҳаҳои калон, вазифаҳои коргардони танзим метавонад равшантар зоҳир гардад. Яъне, аз он нуқтаи назар, ки психологияи интихоби кадр яке аз воситаҳои асосии ҷалби тамошобин ба ҳисоб меравад, танзимгарон масъул гардонида мешаванд, ки бо интихоби дурусти кадр, равшанӣ ва фазои мувофиқ ба эҳсосот ва тафаккури бинанда таъсир расонад.

Коргардони танзим дар марҳилаи пас аз наворгирӣ фаъолият мекунад. Ӯ бо танзимгар якҷоя пайдарпаии кадрҳоро муайян намуда, ритми барнома, сифати тасвир, гузаришҳо, мусиқӣ, графика ва садоро ба танзим медарорад. Маҳз дар ҳамин марҳила барнома шакли ниҳоии худро пайдо мекунад.

Назорати сифати тасвир ва садо низ бар уҳдаи коргардон аст? Дар  ҳолати сар задани мушкил дар ин самт кӣ ҷавобгар буда метавонад? Яъне, ҳамоҳангии кори коргардон бо наворбардор аз чӣ иборат аст?

Коргардон сифати умумии маҳсулоти телевизиониро назорат мекунад. Аммо барои сифати техникӣ муҳандиси садо, муҳандиси видео, оператор ва дигар мутахассисони техникӣ низ ҷавобгар мебошанд. Агар мушкилоти техникӣ ба вуҷуд ояд, масъулият вобаста ба сабаби пайдоиши масъала байни кормандони дахлдор тақсим мегардад. Коргардон бошад, барои қабули қарорҳои фаврӣ ва идоракунии вазъ масъул аст.

Коргардон пеш аз наворгирӣ вазифаи ҳар як камера ва операторро муайян мекунад. Ҳангоми сабт ба наворбардорон дастур медиҳад, ки кадом нақша, кадом ҳаракати камера ва кадом лаҳзаро сабт намоянд. Ин ҳамоҳангӣ имкон медиҳад, ки маводи босифат ва мантиқӣ омода гардад.

Дар ҷараёни пахши мустақим мешавад ҳолатҳое, ки мушкилоти техникӣ сар мезанад. Дар чунин ҳолатҳо чӣ бояд кард?

Муҳимтарин асос нигоҳ доштани оромӣ мебошад. Коргардон бояд фавран бо муҳандисон, операторон ва баранда дар иртибот шуда, аз нақшаҳои эҳтиётӣ истифода барад. Масалан, гузаштан ба камераи дигар, истифодаи видеои захиравӣ, графика ё маводи қаблан омодашуда.

Қабули қарорҳои фаврӣ яке аз муҳимтарин маҳоратҳои коргардони пахши мустақим мебошад.

Чизе ҳаст, ки мехостед гуфтан, аммо мо напурсидем?

Мехоҳам таъкид намоям, ки имрӯз коргардони телевизион на танҳо эҷодкор, балки роҳбар, равоншинос, менеҷер ва донандаи технологияҳои рақамӣ мебошад. Бо рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав талабот ба касби коргардон боз ҳам бештар мегардад. Омӯзиши пайваста, таҷрибаи амалӣ ва такмили ихтисос шарти асосии муваффақият дар ин касб аст.

Ҳадафи мо бояд таҳияи барномаҳои босифат, ҷолиб ва рақобатпазир бошад, ки ба рушди фарҳанг, маърифат ва беҳбуди фазои иттилоотии Тоҷикистон хизмат намоянд.

Барои пешниҳоди маълумоти фаррох ва муҳим дар самти коргардонии телевизион сипосгузорем аз Шумо. Хонандаи азиз, ташаккур, ки моро ҳамраҳӣ…

Мусоҳиб – Муслима МАННОН

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.