БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МАВЛОНО

ХУДОВАНДИ ИШҚ МАВЛОНО БУД

Аз Мавлоно ва дигар бузургворони адабиёт ҳамеша ифтихормандӣ дорему ояндагон ҳам хоҳанд дошт. Вале имрӯз Рӯзи хоси Мавлоност. Ҳамасола 30 – юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз ба муносибати зодрӯзи Мавлоно интихоб шудаааст. Рӯзи Мавлоно аз соли 2009 инҷониб таҷлил мешавад. 1 июни соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармони «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ»-ро ба имзо расониданд. Баъдан, 20 ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйир ворид гардида, 30 сентябр ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дақиқ гардид.

ДЕБОЧАИ СУХАН

МАВЛОНО КИСТ?

Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммад Балхӣ, ки дар ҷаҳон бештар бо номи Румӣ шинохта мешавад, яке аз бузургтарин шоирон, мутафаккирон ва орифони адабиёти тоҷику форс ва аҳли башар аст. Ӯ 30- юми сентябри соли 1207 ба дунё омадааст. Манбаҳои илмию таърихӣ зодгоҳи ӯро Балх медонанд.
Борҳо шунидем, ки макони таваллуди ӯро  бештар ба  Вахшонзамин, аниқтараш муҳити Сангтӯдаи ҳозира нисбат медиҳанд. Он даврон ин минтақа ба марзи таърихии Балхи Хуросон марбутӣ дошт. Падари ӯ Баҳовуддини Валад, донишманд ва воизи маъруф буд. Дар натиҷаи нооромӣ ва пешравии муғулҳо, оилаи онҳо аз Хуросон ба самти ғарб кӯчид ва ниҳоят дар Қуния маскан гирифт. Ҷалолиддини Балхӣ қисми асосии умри худро дар ҳамин шаҳр гузаронд.

ДИДОР БО ШАМС

Ёд мешавад, ки Мавлоно ибтидо Шамсро дар хоб ба мисоли як дарвеше мебинад. Дар соли 1244 мулоқоти сарнавиштсози Мавлоно бо орифи бузург Шамси Табрезӣ ба амал омад. Ин дидор дар ҳаёт ва ҷаҳонбинии ӯ таъсири бузург гузошт ва эҷодиёти Мавлоноро ба марҳилаи нави ирфонӣ расонд. Вохӯрии онҳо ғайриинтизор дар даромадгоҳи бозор сурат мегирад. Шамс аз Мавлоно суол мекунад, ки оё Паямбар бузург аст ё Боязиди Бастомӣ. Мавлоно бо қаҳру хашм мегӯяд, ки албатта Паямбарамон бузург аст. Шамс бо сабурӣ ва орому мулоим мегӯяд, яке Худоро мешиносад, дигаре Худоро дар вуҷудаш мебинад. Мавлоно маънии сухани дӯсташро баъдтар дарк мекунад ва ошиқи ҳарфҳои ӯ ва Худо мешавад.  Ин мулоқот то ба ҳадди лозим Мавлоноро тағйир дод. Ӯ лаҳзае бе Шамс буда наметавонист. Ниҳояти кор ба ҷудоӣ анҷом ёфт ва Шамс тарки Қуния кард.
Мавлоно дар фироқи дӯсташ ҳаҷр мекашид ва ҳама касу ҳама ҷо ҷӯёи ӯ мешуд. Дар заминаи ин дӯстиҳо ривоятҳо низ ҷо доранд. Марди дурӯғгӯе ба Мавлоно мужда мерасонад, ки дӯсташ Шамсро дар фалон сарзамин дидааст. Мавлоно аз хурсандӣ ҷомаи танашро ба ӯ ҳадя медиҳад. Ҳамроҳонаш мегӯянд, охир ӯ дурӯғ гуфт, шумо хилъати танатонро бароварда додед. Мавлоно мегӯяд, ки медонам ӯ маро дурӯғ гуфт, агар рост мегуфт, ҷонамро нисораш мекардам. Ин афкори Мавлоно омили мустаҳкамӣ дар дӯстию рафоқат аст. Мавлоно аз ғами ҷудоии дӯсташ дар азобу машаққат монда буд. Ҳама кори эҷоди ӯ бо вуҷуди Шамс алоқа дошт. Ҷое ҳам ишора дорад, ки мегӯяд: Шамси ману Худои ман… Ҷои дигаре ҳам таъкид мекунад: “Ишқи ба Худо дарёест, ки ҳар кас ба андозаи зарфаш аз он бар медорад”…

Мавлоно соли 1273 дар Қуния вафот кард.

ОСОРИ МАШҲУРИ МАВЛОНО

Муҳимтарин мероси адабии ӯ «Маснавии маънавӣ» – асари бузурги ирфонӣ ва ахлоқӣ, «Девони Шамс» – маҷмӯаи ғазалҳо ва шеърҳои ирфонӣ, «Фиҳӣ мо фиҳӣ» – маҷмӯаи андешаҳо ва суҳбатҳои Мавлоно, «Маҷолиси сабъа» ва ғазалҳои мондагор мебошанд. Асарҳои Мавлоно бо чандин забонҳои дунё тарҷума ва баргардон шудаанд ва акнун аҳли башар аз осори Мавлоно баҳравар аст ва ҳар қавму миллате ӯро моли хеш медонад. Воқеан чунин аст. Вақте сухан аз хирад ва рӯшангароии рӯҳ меравад, бешак он майл пайдо мекунад ба мавҷуди инсоният. Пас мо ифтихор дошта бошем, ки Мавлоноро кулли дунё меписанданд ва осори ӯро бо забонҳои хеш тарҷума карда мутолиа мекунанд.

Муҳим он аст, ки Мавлоно бо забони шевои тоҷикӣ – форсӣ шеър гуфт. Бо Қарори ЮНЕСКО мероси Мавлоно ҳамчун бахши муҳими фарҳанги ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Мавлоно аз инсонпарастӣ, дӯстию рафоқат, қимати инсон ба гунаи ҷавҳари илоҳӣ, фазл, неъмат, шукр, хирадмандӣ, андеша, посдории амонат, ҳифзи ҷони олами вуҳуш, дастгирии ҳамдигарӣ  ва ҳазорҳо паҳлӯи одамият гуфт.

ЧАРО МАВЛОНО БАРОИ ТОҶИКОН МУҲИМ АСТ?

Такрор ҳам шавад, яке аз нуқтаҳои муҳими илмӣ ин аст, ки Мавлоно асосан ба забони тоҷикӣ – форсӣ эҷод кардааст. ЮНЕСКО низ таъкид мекунад, ки осори ӯ бо ҳамин забони ширин навишта шудааст ва баъзе вожаҳою ибораҳои арабӣ, туркӣ ва юнонӣ дар он ҷой доранд.  Як нуктаи хеле ҷолиб маҳз дар ҳамин маврид ин аст, ки Мавлоно танҳо ба як кишвар ё як минтақа тааллуқ надорад. Ӯ дар Балх таваллуд шуд, дар Хуросон ба камол расид ва қисми асосии ҳаёташро дар Қуния гузаронд. Аз ин рӯ, мероси ӯ имрӯз миёни фарҳангҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия ва дигар кишварҳо пайванди муҳими таърихию фарҳангӣ ба вуҷуд овардааст. «Куллиёти Мавлоно» дар ЮНЕСКО аз ҷониби кишварҳое чун Булғория, Олмон, Эрон, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон пешниҳод шудааст. Пас зарур аст дар самти гиромидошти Мавлоно ва таҷлили Рӯзи Мавлоно мо пешдаст бошем.

Рӯзи Мавлоно муборак!

АКАДЕМИЯИ ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.