ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Бе забони модарӣ бе миллатам,
Бе забони модарӣ бемодарам.
Гулхухсор
Дуруду меҳр нисоратон, ҳамраҳони ҳамешагии саҳифаи Академияи ВАО!
Имрӯз Рӯзи Забони давлатӣ аст. Рӯзе, ки ба хотири расмият ёфтану ҳар ҳарфу вожааш мақоми давлатӣ гирифтан, заҳмату талоши бештари соҳибони асили забон равона шудаву алъон яке аз шевотарин ва гуворотарин забони дунё пазируфта шудааст.
Дар ибтидо сайри таърихии ҳифзи забони тоҷикӣ- форсӣ дар замони истилои араб мекунем ва барои Шумо хонандагони арҷманд хидматҳои ашхоси бузурги давронро ёдовар мешавем, ки ба хотири поянда мондани забони тоҷикӣ- форсӣ чӣ фидокориҳо карданд.
Яъқуби Лайс.
Ӯ кӣ буд?
Аз рӯи сарчашмаҳои форсидонони олам Яъқуб ибни Лайс Ал-Саффор тақрибан солҳои 840-879 зиндагӣ кардааст.Ӯ аслан аз Сиистон буд ва қабл аз сари қудрат омадан мисгарӣ мекард. Саффор ҳам ба ин касб мансубият пайдо мекунад.
Ӯ солҳои 861-879 қаламрави бузурге аз шарқи Эрону Хуросонро зери итоати худ дароварда буд.
Нақши Яъқуби Лайс дар рушди забони тоҷикӣ – форсӣ.
Саҳми Яъқуби Лайс дар таърихи забон хеле муҳим аст. Мисолҳо ҳам дар сарчашмаҳои эронӣ дарҷ шудаанд, ки Яъқуб ибни Лайс забони арабӣ намедонист ва вақте подшоҳ мешавад, шоирон ӯро бо забони арабӣ мадҳ мекунанд. Барои дарки мадҳияҳои арабии шоирони дарбораш мушкил дошт. Ӯ гуфт, ки бо ин суханон чизеро намефаҳмад ва ба котибону аҳли дарбор супориш дод, ки ба форсӣ бештар таваҷҷуҳ кунанд. Лайс ба ҷои инъом ба ин мадҳиянависон гуфт, чизеро ки намефаҳмам,чаро бояд гуфт?
Яъне дар боқӣ мондану рушду таҳким ёфтани забони форсӣ, ки имрӯз забони тоҷикии мост, Яъқуби Лайс нақши аввалин дорад. Ин дар ҳолест, ки дар қарни 3-юми ҳиҷрӣ бо вуруди ислом ба Эрон забони расмии дарбор ба арабӣ табдил шуда буд. Бо ин дастураш дар таърихи давлатдории мо ҳамчун ҳофизи забони модарӣ шинохта шуд.
Амир Мансур инби Нӯҳ. Аввалин коре, ки баробари ба даст овардани қудрат анҷом дод, дастури тарҷумаи китоби “Таърихи Табарӣ” аз арабӣ ба тоҷикӣ буд. Ҳамин гуна тарҷумаи асарҳо пешниҳод шуд ва устод Рӯдакӣ ҳам ба тарҷумаи “Калила ва Димна” шурӯъ намуд. Замони давлатдории Сомониён авҷи шуҳрат ва таъсиси доираи адабу фарҳанги забони модарӣ зикр мешавад. (манбаъ гуфтугӯҳои форсишиносони фазои маҷозӣ).
Яъне, забони тоҷикӣ- форсӣ меросе нест, ки ба осониву содагӣ ба дастамон расида бошад. Қарнҳо талош, муқовимат, тарҷума, посдорию ҳифозат пушташ истодааст, ки имрӯз ҳофизаи таърихӣ ва бахше аз ҳувияти мо шудаву насли ҷавону ояндагон ҳам бояд арзиши онро бидонанд ва барои поку беолоиш монданаш талош кунанд.
Идомаи кӯшишҳо дар роҳи ҳифзи забони модарӣ.
Дар идомаи ҳамин гуна ҳифозатҳои таърихи асолати забон, устодони дигаре чун Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ҳамин омили пойдории забонро пайгирӣ кардаву нақшгузорӣ намуданд. Устод Айнӣ соли 1926 китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро навишту собит кард, ки ин миллат ва ин халқу давлат аз қадимиҳо соҳиби забони адабӣ ва хираду маърифатанд.
Тавассути дӯсташ Горький ин асарро ба назди ҳокими вақти рус Сталин бурду гуфт, ки мо ҳастем ва мехоҳем давлати алоҳида дошта бошему забону фарҳанги хешро ҳимоят кунем. Баъдҳо, вақте ки “Намунаи адабиёти тоҷик” эътироф шуду тоҷикон соҳибдавлат гирдиданд, шодии устод аз ҳад фузун шуд.
Айнӣ мегуфт, ки ҷавонони мо бояд бо забони фасеҳу ширини тоҷикӣ асар нависанд, то ман бозавқ хонаму гул – гул шукуфта бо қаноатманмандӣ гӯям : “Ана акнун дар дил армон надорам!” (Мирсаид Миршакар дар “Садои Шарқ”). Аллома Бобоҷон Ғафуров ҳам кори устод Айниро идома дод.
400 асару мақолаи илмӣ барои таърихи халқи тоҷик навишт ва онҳоро бо забонҳои дигар ҳам тарҷума кард. “Тоҷикон” – и Ӯ мисли “Шоҳнома”-и Ҳакими Тӯс гунаи шиносномаи миллати тоҷик барои наслҳо хидмат хоҳад кард. Ва ҳоло ҳифзи нафосату покии ҳамин забони дорои таърихи гӯё бар дӯши мост.
Бузургворони мо Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлоно ва садҳо суханвари доно бо ҳамин мероси ғанӣ шеър гуфтанду бо каломи хеш фарҳанги оламшумули моро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо масъалаи ҳифз ва рушди забони давлатӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ ва давлатдорӣ ба шумор меравад. Дар ин раванд саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Сарвари маҳбубамон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ ва омили ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат барои таҳкими мақоми забони тоҷикӣ, рушди он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ҳифзи меъёрҳои адабӣ ва густариши забони илмӣ ва расмӣ корҳои зиёде анҷом пазируфтанд. Қабули қонунгузории марбут ба забони давлатӣ ва татбиқи пайгиронаи он дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар ниҳодҳо гувоҳи он аст, ки забон дар сиёсати фарҳангии давлат ҷойгоҳи хоса дорад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки эҳтиром ба забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва таърихи он аст. Ин андеша имрӯз барои ҳар як зиёӣ, омӯзгор, журналист, адиб ва корманди воситаҳои ахбори омма масъулияти бузург мегузорад. Воқеан, ишора мекунем, ки воситаҳои ахбори омма дар покизагӣ ва рушди забони давлатӣ нақши калидӣ доранд. Суханони журналистони мо ҳамарӯза ба гӯши ҳазорон ва миллионҳо нафар мерасад. Аз ин рӯ, ҳар калимаву вожаву истилоҳу маънӣ бояд дуруст, равон, фаҳмо ва мутобиқ ба меъёрҳои забони адабӣ бошад.
Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти Академияи ВАО мебошад, ки хеле хуб таъмин мегардад.
Зимнан, бояд аз истифодаи калимаҳои нолозими бегона, тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ, ҷумлаҳои сохта ва ибораҳои носолим худдорӣ кард. Забонро бояд бо муҳаббат, эҳтиром ва истифодаи дуруст зинда нигоҳ дошт. Инҷо зарур мешуморем гуфтаҳои устоди абадзинда – Садриддин Айниро ёдовар шавем, ки ишора карда буд: “Нависанда набояд забони нодуруст ва ғалатро ба адабиёт дарорад. Балки бо забоне асар офарад, ки донишҳои дар роҳи забон андӯхтаи одамон на вайрон, балки баланд бардошта шавад”.
Дар ин замина Академияи ВАО метавонад ҳамчун мактаби такмили забони касбии журналистон низ нақши муҳим дошта бошад. Баргузории машғулиятҳои махсус, семинару мизҳои гирд, таҳияи дастурҳо барои журналистон, омӯзиши истилоҳоти соҳавӣ ва баланд бардоштани савияи забондонии кормандони телевизиону радио ва диагр воситаҳои ахбор аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки мутахассисони академия ба ин ҳадаф хизмат мекунанд.
Вале мақсади ниҳоӣ ин аст, ки бигузор забони тоҷикӣ дар ҳар хонаву кӯча, дар дабистону донишгоҳ, дар ҳар идора ва минбарҳои расонавӣ бо шукӯҳу ҷалоли худаш садо диҳад. Аз ҳар гуна омезишҳои дигар забонҳо орӣ бошад. Бигзор суханони ровиёни мо равон, қалами журналистон таъсирдор бошад. Зеро забон ҳастии миллат аст ва мо дар ҳифзи арзишҳои он масъул ва мадюни абадием.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бод!
Академияи ВАО
Тоҷикӣ
Русский
English