Табрикоти МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” дар милоди мубораки Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо эҳтироми самимӣ ва эҳсоси баланди арҷгузорӣ Шуморо ба муносибати рӯзи мавлуди муборакатон табрику таҳният мегӯяд.

Фараҳбахш аст, ки ин рӯзи муборак бо Рӯзи забони давлатӣ ҳамоҳанг омадааст. Забоне, ки таҳкими мақоми он дар ҷомеа аз ҷумла ба сиёсати фарҳангӣ ва давлатдории миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Ҷаҳониён Шуморо ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон ва сиёсатмадори сулҳпарвар мешиносанд. Ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи Шумо дар масъалаҳои сулҳу амният, об, иқлим ва дигар масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ имрӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ низ эътироф гардидаанд. Академияи ВАО бо ифтихор таъкид менамояд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Шумо ба соҳаи иттилоот, рушди воситаҳои ахбори омма, баланд бардоштани маҳорати касбии рӯзноманигорон ва омода намудани кадрҳои соҳибмаърифат барои мо мояи эҳтиром ва масъулияти бештар аст.

Ба Шумо  Ҷаноби Олӣ тансиҳатӣ, умри дароз, саодати рӯзгор, неруи созанда ва комёбиҳои нав дар роҳи таҳкими сулҳу субот, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва обрӯю нуфузи бештари он дар арсаи ҷаҳон орзумандем.
Зодрӯз муборак, Пешвои муаззами миллат! Ҷашни мавлудатон фархунда ва роҳи давлатдориатон ҳамеша равшану ҳамвор ва ҷомеаи мо осудаву бооромиш бошад.

Бо эҳтироми самимӣ,

Академияи ВАО-и Тоҷикистон

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.