КУРСИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ

Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ва дастурҳои роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ “Курси омӯзиши забони русӣ”-ро ташкил намуд.

 Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18-уми марти соли 2024 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” кормандони ҳамаи идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ вазифадор шудаанд, ки дониши забонҳои хориҷӣ (аз ҷумла русӣ ва англисӣ)-и худро такмил диҳанд. Аз ин ҷиҳат Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон курси мазкурро ҷиҳати омӯзиши забони русӣ ба муддати 3 моҳ роҳандозӣ намуд, ки дар он иштироки кормандони соҳа озод ва ройгон мебошад.

Дарсҳо шуруъ аз 2-юми апрели соли ҷорӣ дар толори китобхонаи муассиса доир гардида, то 2-юми июли соли равон ҳафтае се маротиба (рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа) давом мекунанд.

Курси омӯзишии мазкурро омӯзгори факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нозанин Шарифзода бо тамоми паҳлуҳояш ба иштирокчиён мегузаронад.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Академияи ВАО

1 Шарҳ
  1. admin мегӯяд

    Беҳтарин иқдом!

Ҷавоб додан ба admin
Бекор кардани ҷавоб

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.