ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ “ЭКОЛОГИЯ ВА ҲИФЗИ ТАБИАТ”
Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” машғулияти соҳавии “Экология ва ҳифзи табиат” барои кормандони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва нашрияҳо оғоз гардид.
Дотсенти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва сармуҳаррири маҷаллаи “Инсон ва табиат” Ҷамолиддин Ёқубӣ дар оғози машғулият моҳияти экология ва ҳифзи муҳити зистро ташреҳ дода, бо шарҳ додани барнома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таъкид намуд, ки экология ва ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои асосӣ дар сатҳи кишвар ва ҷаҳон мебошад. Бинобар ин кишварҳо бо дарки масъулият дар пайи иҷрои ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат дар самти экология ва ҳифзи муҳити зист мебошанд. Омӯзгор дар ҷараёни машғулият бо истифода аз ролик ва барномаҳои омӯзишӣ тарз ва шеваи инъикос ва масъалагузории мавзуъҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зистро ба шунавандагон таълим дод.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар заминаи пиёда намудани ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ яке аз давлатҳои пешқадам аст. Баъзе ташаббусҳое, ки вобаста ба экология ва ҳифзи муҳити зист имрӯз аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид амалӣ мешаванд, бо пешниҳоди Тоҷикистон сурат мегирад. Барои мисол, барномаҳои СММ дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо, об барои рушди устувор ташаббусҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон мебошад.
Экология ва ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои асосӣ ва глобалӣ дар ҷаҳони имрӯз аст ва расонаҳои давлатию хусусӣ тааҳҳуди иҷтимоӣ доранд, ки барои инъикоси масъалаҳои экология ва ҳифзи муҳити зист ташаббус нишон диҳанд.








