ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “АКАДЕМИЯИ ВАО-И ТОҶИКИСТОН” ДАР СОЛИ 2025
Дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти Муассиса дар соли 2025 баргузор гардид, ки дар кори он натиҷаҳои фаъолияти яксолаи кормандон таҳлилу баррасӣ гардид.
Нахуст директори Муассиса Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ ҳисоботи солонаро ироа намуда, вазифаҳои навро барои соли 2026 пешниҳод намуданд.
Зикр гардид, ки давоми соли 2025 дар маҷмуъ тибқи нақша ва супоришҳои Кумитаи телевизион ва радио Муассиса 22 машғулияти омӯзишии тахассусӣ, 2 машғулияти соҳавӣ ва 1 курси омӯзиши забони англисиро барои такмили ихтисоси кормандони телевизион, радио ва нашрияҳои чопӣ доир намуд, ки дар онҳо 385 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 308 нафар сертификати хатми курси такмили ихтисосро гирифтанд.
Ҳамчунин, 3 ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардида, 2 китоб чоп карда шудааст.
Дар кори ҷаласа масъулини Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, дар умум фаъолияти муассисаро дар соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ намуда, барои беҳтарнамоӣ ва фаъолияти пурсамари Муассиса дар соли 2026 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
