НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО
Имрӯз (26.01.2026) дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи кормандони соҳаи ВАО нишасти мутбуотӣ доир гардид.
Дар соли 2025 тибқи барномаи соҳавӣ барои телевизион ва радиои Тоҷикистон, инчунин телевизионҳои минтақавӣ таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ гардид, ки аз дастгоҳҳои муосири наворбардорӣ, танзимгоҳҳо, дурбинҳои касбӣ (оптика), таҷҳизоти равшанидиҳӣ, серверҳо барои нигоҳдории маводи видеоӣ ва дигар воситаҳои соҳавӣ иборат мебошанд.
Як рӯйдоди дигари муҳими соҳа дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, зикр кард раиси Кумита Носир Саидзода.
Қайд гардид, ки айни ҳол дар мамлакат 106 шабака ва муассисаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маводҳои аудиовизуалӣ фаъолият доранд, ки дар соли 2025 тавассути телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ 145 лоиҳа ва барномаҳои нави телевизионӣ роҳандозӣ гардид.
Академияи ВАО
26.012026
