ФАРҶОМИ КУРСИ АСОСҲОИ КОРИ НАВОРБАРДОРӢ
Тибқи нақшаи корӣ аз 18 то 22 майи соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Асосҳои кори наворбардорӣ дар телевизион” доир карда шуд. Ба ҳайси тренер мутахассиси соҳа, Холов Маҳрамшоҳ даъват гардида, нозукиҳои кори наворбардориро ба иштирокчиён омӯзонд.
Омӯзгор оид ба танзими таҷҳизоти наворбардорӣ, меъёрҳои композитсия, усулҳои муосири наворбардорӣ, ракурс, буришҳои тиллоӣ ва дигар мавзуҳои ба ин касб вобастабударо назариявию амалӣ гузаронид.
Дар ҷараёни курсҳои омӯзишӣ, ки дар толори китобхонаи муассиса ва студияи сабти телевизиони “Синамо” гузаронида шуданд, наворбардорони шабакаҳои телевизионӣ малакаҳои амалӣ ва назариявии худро оид ба самтҳои зерин мустаҳкам намуданд:
-Танзими таҷҳизоти наворбардорӣ: Истифодаи дурусти камераҳои муосир ва танзими равшанӣ дар шароити гуногуни дохилӣ ва берунӣ
-Меъёрҳои композитсия: Қоидаҳои дуруст ҷойгир кардани кадр, интихоби кунҷҳои (ракурси) мувофиқ ҳангоми омодасозии гузоришҳои хабарӣ ва сабти дигар барномаҳо
-Усулҳои муосири наворгирӣ: истифодаи технологияҳои иловагӣ, ба монанди стабилизатор ва дронҳо барои гирифтани кадрҳои касбӣ.
Иштирок дар чунин машғулиятҳо ба наворбардорон имкон медиҳад, ки маҳорату касбияти худро сайқал дода, талаботи асосии тележурналистикаро дар фаъолияти кории ҳаррӯзаи худ дар сатҳу сифати беҳтар иҷро намоянд.
Дар фарҷоми машғулият аз 11 шунаванда 10 нафари фаъол соҳиби сертификати Академияи ВАО шуданд.
С. Фараҳноз
Академияи ВАО
Тоҷикӣ
Русский
English