ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИЯИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ИШТИРОК НАМУДАНД
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
Зимни иштирок дар кори иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд.
Дар ҷараёни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва таъсири онҳо ба иқтисоди давлатҳо, ташаккули иқтисоди “сабз”, рушди тавлиди энергияи “сабз”, мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, талошҳои муштарак баҳри пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обӣ ва иқлимии сайёра ҷалб намуданд.