ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “АСОСҲОИ ЖУРНАЛИСТИКА”
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 27 март то 09 апрели соли ҷорӣ машғулияти омӯзиширо дар мавзуи “Асосҳои журналистика” доир мегардонад.
Машғулияти мазкур тибқи нақшаи кории муассиса ва супориши раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид барои кормандони ғайриихтисоси шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ гузаронида мешавад.
Машғулияти омӯзиширо се тан аз собиқадорони ботаҷрибаи ҷумҳурӣ Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессори факултаи журналистикаи ДМТ Мурод Муродӣ, Директори ТҶ “Хома” Шаҳло Акобирова ва узви ҳақиқии Академияи телевизион ва радиои Авру-Осиё, мудири шуъбаи иттилоот ва равобити байналмилалии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода ба иштирокдорон дарс хоҳанд гуфт.
Иштирокдорони машғулият давоми 10 рӯз нозукиҳои соҳаи журналистикаро омӯхта дар охир ба онҳо ГУВОҲНОМА-и Академияи ВАО супорида мешавад, ки ҳуқуқи фаъолият дар ин соҳаро дорад.
