ИДОМАИ МАШҒУЛИЯТИ САМТИ СОХТМОН, МЕЪМОРӢ ВА ШАҲРСОЗӢ

Идомаи машғулияти омӯзишии самти сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки аз ҷониби МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва матбуоти даврӣ роҳандозӣ шуда буд, дар факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ гузаронида мешавад.

         Машғулият ба таври назариявию амалӣ гузаронида шуда, дарсҳои амалии он дар озмоишгоҳҳои обтаъминкунӣ, обихроҷӣ, таҷҳизоти санитарию техникии бино, физикаи сохтмонӣ, ҳавокашӣ ва конденсиронии ҳаво, технологияи равандҳои сохтмонӣ, маводҳои сохтмонӣ №1 – №2 инчунин, дар устохонаи замонавии ЛУБАН гузаронида мешаванд.

         Дар рӯзи дуюми машғулият маълумоти умумӣ оид ба синфхонаҳои озмоишӣ аз ҷониби ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қудрат Давлатзода ба иштирокчиёни машғулият пешниҳод гардида, аз тарафи роҳбарони синфхонаҳои озмоишӣ амалан тарзҳои гузаронидани санҷишҳо нишон дода шуданд.

         Ёдовар мешавем, ки ҳар як мавзуи барномаи машғулият аз ҷониби устодони тахассусӣ гузаронида шуда, дуруст истифода бурдани истилоҳот ва мафҳумҳои соҳавӣ, ҳамчунин меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, таълим дода мешаванд.

         Бояд гуфт, ки машғулияти болозикр то 08-уми июл идома намуда, дар анҷом ба фаъолон сертификати Академияи ВАО супорида мешавад.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.