БА САРМУҲАРРИРОН СЕРТИФИКАТ ДОДА ШУД
Давоми 5 рӯз дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Нашрияҳои маҳаллӣ: Роҳҳои ҷолибсозӣ ва рақобатпазирии онҳо” бо иштироки сармуҳаррирони нашрияҳои ВМКБ ва минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҷараён дошт.
Машғулиятро ба иштирокчиён устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Бахтиёр Ҳамдамов гузарониданд.
Дар анҷоми машғулият сармуҳаррирони нашрияҳо миннатдории худро барои ташкил намудани чунин курсҳои омӯзишӣ ба ташкилкунандагон баён доштанд.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбари Академия ба онҳо китоби тозанашри “ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ПАС АЗ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ” (2024) тақдим гардид.

