МАШҒУЛИЯТИ ЭТИКАИ КАСБИИ ЖУРНАЛИСТ

09-ум декабри соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Этикаи касбии журналист” оғоз гардид, ки дар он рӯзноманигорони шабакаҳои телевизиону радио ва нашрияҳои даврӣ иштирок намуда, то 13-уми декабри соли ҷорӣ идома меёбад.

Машғулияти омӯзиширо собиқадори соҳа, омӯзгори факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов мегузаронад.

         Нахуст омӯзгор (тренер) ба шунавандагон оид ба этикаи касбӣ, меъёрҳои ахлоқии журналист ва риояи он дар ВАО-и кишвар ба таври муфассал маълумот дода, бо якчанд мисолҳои мушаххас андешаашро асоснок намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар таърихи журналистика ҳолатҳое вуҷуд доштанд, ки ҳангоми интишори маводҳои таҳлилӣ-танқидӣ ба ҷойи танқид, таҳқири  шахс мушоҳида карда мешуд. Этикаи касбӣ шахсро водор месозад, ки тафовути байни ин ду мафҳумро дарк созад, зеро ҳангоми таҳия ва пахши мавод ба иштибоҳ роҳ надиҳад. Ҳамчунин, тарзи гузоштани саволҳои мувофиқ ва шинохтану маълумоти муфассал доштан дар бори мусоҳибшаванда яке аз меъёрҳои ахлоқи журналистӣ аст.

         Мутаассифона, имрӯз мо бо маводҳои ҳангомадор (дар баъзе аз нашрияҳои даврӣ) ва шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр дучор мешавем,  ки барои ҷалби аудитория пахш мегарданд ва аз риоя нагардидани этикаи касбии журналистӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ далолат медиҳад.

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.