АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ СЕНАРИЯНАВИСОН

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо иштироки журналистони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ машғулияти омӯзиширо аз 27-ум то 31-уми январи соли равон дар мавзуи “Сенарияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоиро чӣ гуна бояд эҷод намуд?” баргузор кард.

Машғулиятро журналисти соҳибтаҷриба, Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ ба тарзи назариявӣ ва амалӣ ба иштирокдорон гузаронид.

Дар машғулият мавзуҳои “Сайри таърихии сенарияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ” (таҷрибаи Тоҷикистон, Россия, Аврупо), “Сенарияи маводи телевизионӣ: назария ва амалия”, “Сенарияи ток-шоу дар ТВ ва радио”, “Эҷоди ток-шоуи телевизионӣ” ва таҳлили сенарияҳои барномаҳои маводҳои телевизионӣ ва радиоӣ гузаронида шуд.

Иштирокчиён аз ташкил ва гузаронидани ба ин монанд машғулиятҳо изҳори хушнудӣ намуда, қайд карданд, ки дар шабакаҳои телевизионии вилоятӣ низ гузаронидани чунин машғулиятҳо ба манфиати кор аст, зеро имкониятҳо маҳдуд аст, то онҳо дар ҳамаи дарсҳои такмили ихтисос иштироки фаъолона намоянд.  

Дар ҳақиқат машғулиятҳо ва дарсҳои маҳорати Академияи ВАО дар рушди телевизион саҳми босазо мегузорад, зеро таҷрибаҳо исбот кардаанд, ки аз дарсҳои донишгоҳӣ дида, ҳамин гуна семинарҳои омӯзишӣ чандин маротиба бештар таъсири мусбии худро ба шунаванда мерасонад.

Дар анҷоми машғулият ба 21 нафар кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷумҳурӣ, ки машғулияти мазкурро бо  муваффақият омӯхтанд СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО супорида шуд.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.