ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТИ ТОК-ШОУ
Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” тибқи нақша ва бандҳои Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар бораи гузаронидани курсҳои омӯзишӣ барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ машғулияти омӯзиширо дар мавзуи “Асосҳои таҳияи барномаҳои ток-шоу дар телевизион ва радио” ташкил намуд.
Машғулият аз 10-ум то 14-уми феврали соли равон дар китобхонаи МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” гузаронида шуда, дар анҷом ба иштирокчиёни фаъол сертификат супорида мешавад.
Машғулиятро мутахассиси соҳа, собиқадори телевизион, директори ТҶ “Хома” Шаҳло Акобирова ба шунавандагон мегузарад.
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ
Академияи ВАО
