АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ ТОК-ШОУ

Имрӯз машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Асосҳои таҳияи барномаҳои ток-шоу дар телевизион ва радио”, ки давоми 5 рӯз (аз 10 то 14 феврал) идома кард ҷамъбаст гардид.

Машғулиятро мутахассиси соҳа, собиқадори телевизион, директори ТҶ “Хома” Шаҳло Акобирова ба шунавандагон назариявӣ ва амалӣ гузаронд.

Дар машғулият 23 нафар коргардон ва журналистони шабакаҳои телевизион ва радио иштирок намуда, аз маҳорати барномасозӣ ва муҳиммияти барномаҳои ток-шоу дар фазои ВАО-и кишвар воқиф гаштанд.

Дар анҷом ба 22 нафари онҳо СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО супорида шуд.

Академияи ВАО

14.02.2025

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.