ФАРҶОМИ ДАРСИ ТАНЗИМГАРӢ
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои беҳтарнамоии сифати танзими барномаҳои телевизионӣ машғулияти омӯзиширо таҳти унвони “Танзим ва дизайни барномаҳо (автоэффект)” доир кард. Дар машғулият шунавандагон аз шуъбаҳои танзими шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ иштирок намуда, истифодаи автоэффект ва дизайнро дар танзими барномаҳо омӯхтанд.
Машғулиятро мутахассисони соҳа Воҳидҷони Савлатшо ва Ҳурматов Меҳрубон аз 02 то 06 марти соли 2026 гузарониданд.
Дар фарҷоми дарс аз 22 нафар иштирокчӣ 19 нафари онҳо соҳиби сертификати Академияи ВАО гардиданд.