МАШҒУЛИЯТИ ДИДИ ЖУРНАЛИСТӢ
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” бо дастури роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзиширо зери унвони “Диди журналистӣ” барои муҳаррирони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ доир кард. Машғулият дар толори китобхонаи муассиса аз 15 то 19 июни соли равон гузаронида мешавад.
Ба ҳайси омӯзгор (тренер) рӯзноманигор, адиб ва собиқадори соҳа Иззатманд Саломиён ҷалб шуда, машғулиятро ба иштирокчиён меомӯзонад.
Тоҷикӣ
Русский
English