ТАҲИЯИ БАРНОМАҲОИ ТОК-ШОУ

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” тибқи нақша бо ҷалби мутахассиси соҳа Шаҳло Акобирова машғулияти омӯзиширо таҳти унвони “Асосҳои таҳияи барномаҳои ток-шоу” барои муҳаррирон ва рӯзноманигороне, ки барномаҳои ток-шоу таҳия менамоянд, доир кард.

         Машғулият давоми 5 рӯз (аз 13 то 17 апрел) дар толори китобхонаи муассиса тариқи назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.

         Аз натиҷаи пурсишномаҳо маълум шуд, ки гузаронидани ба ин монанд машғулиятҳои омӯзишӣ бо ҷалби чунин мутахассисони сатҳи баланд барои пешрафти кор ва равнақи эшон хидмати арзанда мегузорад. Ҳамин буд, ки дар фарҷоми машғулият иштирокдорон ба ташкилкунанда ва омӯзгор (тренер) сипосгузорӣ намуданд.

         Дар анҷоми машғулият аз 19 иштирокчӣ 14 нафари фаъол сертификати Академияи ВАО-ро соҳиб шуданд.

М. Бахтиёр

17.04.2026

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.