АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ САМТИ СОХТМОН, МЕЪМОРӢ ВА ШАҲРСОЗӢ

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 18-уми июн то 08-уми июли соли равон машғулияти омӯзишии самти сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозиро барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ баргузор кард.

         Дар машғулият 15 нафар аз шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуд.

         Машғулиятро устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ мудири кафедраи сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Аҳмадҷон Раҳмонзода ва мудири кафедраи меъмории биноҳо ва иншоот, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Раҷабалӣ Шокиров ба шунавандагон гузаштанд.

         Машғулият ба таври назариявию амалӣ гузаронида шуда, дарсҳои амалии он дар озмоишгоҳҳои обтаъминкунӣ, обихроҷӣ, таҷҳизоти санитарию техникии бино, физикаи сохтмонӣ, ҳавокашӣ ва конденсиронии ҳаво, технологияи равандҳои сохтмонӣ, маводҳои сохтмонӣ №1 – №2-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ инчунин, дар устохонаи замонавии ЛУБАН гузаронида шуданд.

         Дар анҷоми машғулият аз шумораи болозикр 11 нафари онҳо, ки иштироки фаъола доштанд, сертификати Академияи ВАО-ро соҳиб гаштанд.

Ҳамчунин роҳбарияти Академия ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбарро барои эҳтиром ва ҳамкориҳои судманд барои иҷрои Барномаи давлатии рушди телевизион дар самти тайёр намудани журналистони соҳавӣ бо СИПОСНОМА сарфароз гардонид.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.