АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ СОҲАИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулиятро дар самти молия ва иқтисод аз 28.10.24 то 13.11.24  барои  кормандони  шабакаҳои телевизион, радио ва нашрияҳои даврӣ, баргузор кард. Машғулиятро мутахассисони соҳа доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи фаъолияти биржавииДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Мирсаидов Саидакмал ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бобоев Фузайл  гузарониданд.

          Қисмати аввали машғулиятро Мирсаидов Саидакмал гузаронида ба иштирокчиён оид ба: Асосҳои назариявии илми иқтисод, Нишондиҳандаҳои асосии арзёбии рушди иқтисод, Саноат ҳамчун бахши воқеии иқтисодиёт, Соҳаи аграрӣ ва мавқеи он дар рушди иқтисод, Соҳаи хизматрасонӣ ва аҳамияти иқтисодии онро ба шунавандагон маълумот дод.

 Қисмати дуюми машғулиятро Бобоев Фузайл доир намуда,  шунавандагон  мавзуҳои: Асосҳои назариявии илми молия, Низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Буҷети давлатӣ: қисмати даромад ва хароҷот, Фондҳои мақсадноки давлатӣ ва дигар мавзуҳои вобастаро гуфта гузаштанд.

          Омӯзгорон ба иштирокчиёни машғулият тарзи дуруст пешниҳод намудан ва фаҳмонидани масъалаҳои иқтисодию молиявиро дар таҳияи барномаҳо ва маводҳо ба бинандагону шунавандагон, инчунин ба назар гирифтани манфиатҳои миллӣ ба таври возеҳу равшан, бо мисолҳои мушаххас  фаҳмониданд.

 Ҳамчунин дар раванди дарс, мутахассисон барномаҳои омода намудаи рӯзноманигонро мавриди таҳлилу муҳокима қарор дода барои бартараф намудани камбудиҳо маслиҳатҳои муфид доданд.  Дар анҷоми машғулият аз 12 нафар иштирокчӣ ба 9 нафари фаъол СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.