КУРСИ МАХСУС БАРОИ РАВШАНИДИҲАНДАГОН
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” курси махсуси такмили ихтисосро барои равшанидиҳандагон ва коргардонҳои шабакаҳои телевизионӣ аз 14 то 17 январ оғоз кард.
Ин аввалин машғулият дар соли 2026 ба шумор рафта, дар доираи ҳамкории муштарак бо Муассисаи давлатии телевизиони “Душанбе” ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба аз кишвари Булғория баргузор мешавад. Ҳадафи асосии баргузории курсҳо баланд бардоштани сатҳи касбият, такмили донишҳои амалӣ ва шиносоии иштирокчиён бо усулҳои муосири равшанидиҳӣ ва коргардонӣ дар телевизион мебошад.
Дар рӯзи аввали машғулият директори телевизиони “Душанбе” Маъруфҷон Оқилзода суханронӣ намуда, доир ба паҳлуҳои муҳими фаъолияти равшанидиҳандагон ва коргардонҳо дар телевизион, махсусан ҳангоми сабти барномаҳо дар формату ҳолатҳои гуногун, маълумоти муфассал ва маслиҳатҳои амалӣ ироа намуданд. Зимни суханронӣ ба масъалаҳои ҳамоҳангии кори даста, истифодаи дурусти равшанӣ ва нақши коргардон дар баланд бардоштани сифати маҳсулоти телевизионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар идомаи дарс иштирокчиён аз студияҳои сабти телевизиони “Душанбе”, ки бо таҷҳизоти муосири техникӣ ва равшанидиҳии нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст, дидан намуданд.
Ба иштирокчиён тарзи истифодаи таҷҳизот, раванди омодасозӣ ва сабти барномаҳо нишон дода шуда, дар бораи фаъолияти ҳар як студия аз ҷониби мутахассисон шарҳи муфассал пешниҳод гардид.