АНҶОМИ КУРСИ РАВШАНИДИҲӢ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии телевизиони “Душанбе” курси махсуси такмили ихтисосро барои равшанидиҳандагони шабакаҳои телевизионӣ дар мавзуи “Асосҳои равшанидиҳӣ дар телевизион”-ро баргузор кард.
Машғулият аз 14 то 17 январи соли равон дар студияҳои сабти телевизиони “Душанбе” гузаронида шуда, омӯзгор (тренер) аз кишвари Булғория Бирулис Норвидас даъват шуда буд.
Қобили қайд аст, ки Академияи ВАО бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар пайваста талош мекунад, то курсҳои такмили ихтисосро барои баланд бардоштани сатҳи касбият, такмили донишҳои амалӣ ва омӯзишӣ технологияҳои муосир ба роҳ монад.
Дар машғулият 30 нафар аз кормандони шабакаҳои телевизионӣ иштирок намуда, тарзи истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамон, раванди омодасозӣ ва сабти барномаҳоро омӯхтанд, ки аз ин шумора 22 нафари фаъол соҳиби сертификати Академияи ВАО шуданд.
Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ
Академияи ВАО

