АНҶОМИ КУРСИ ТАСВИРБАРДОРОНИ ТЕЛЕВИЗИОН

Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” тибқи нақшаи кори бо ҷалби мутахассис ва омӯзгори соҳа аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Баҳодур Истамов машғулияти омӯзиширо барои тасвирбардорони шабакаҳои телевизионӣ доир намуд.

Машғулият аз 06 то 10 апрели соли ҷорӣ дар толори китобхонаи муассиса ва дарсҳои амалии он дар студияҳои телевизиони “Синамо” ва “Тоҷикистон” баргузор гардиданд.

Дар машғулият мавзуҳои “Тасвирбардор кист ва мафҳуми калимаи тасвирбардор”, “Вазифаҳои асосии тасвирбардорӣ”, “Диафрагма ва мавқеи он ҳангоми сабт”, “Намудҳои рушноӣ ва муайян намудани гармии он”, “Омодашавӣ ба сабти барномаи телевизионӣ”, “Маълумот дар бораи системаи HD”, “Ҳамкории тасвирбардон бо коргардон ва рассом” ва ба ин монандро гузаштанд. Дар дарсҳои амалӣ мавзуъҳои “Интихоби ҷои сабт”, “Панорама ва намудҳои ракурс ҳангоми тасвирбардорӣ”, “Рушноии пуркунанда ва сабти чеҳра”, “Мавқеи ранг дар тасвирҳои гуногун”-ро дар студияҳои шабакаҳо аёнӣ таҷриба намуданд.

Дар фарҷоми дарс аз шумораи 14 иштирокчӣ 12 нафари фаъол соҳиби сертификати Академияи ВАО гардиданд.

Бахтиёр МИРЗОАМИНӢ

Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.