ФАРҶОМИ КУРСИ МАЪРИФАТИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” бо ҷалби мутахассисон аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ курси махсуси омӯзиширо дар мавзуи “Маърифати иқтисоди рақамӣ” барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ, агентиҳои иттилоотӣ, нашриёти даврӣ ва марказҳои матбуотии вазорату идораҳо доир намуд.

Машғулият аз 09 то 17 ноябри соли 2026 дар толори зеҳни сунъии Агентии инноватсия, парки технологӣ (IT Park Dushanbe) ва толори зеҳни сунъии Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ баргузор гардид.

Иштирокчиён мавзӯҳои хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди ҳукумати электронӣ, низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, барномаҳои рушди иқтисоди рақами дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои низомсоӣ ва таҳаввулоти иқтисодӣ, баланд бардоштани малакаҳои рақамӣ, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ, IT Park-маркази навоварӣ ва иқтисоди рақамӣ, нақши зеҳни сунъӣ дар рушди журналистикаи муосир, имкониятҳои технологияҳои зеҳни сунъӣ, пойгоҳ (платформа)-ҳои гуногуни зеҳни сунъӣ ва ба ин монандро аз худ намуданд.

Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории чунин машғулиятҳоро барои баланд бардоштани донишҳо вобаста ба иқтисоди рақамӣ ва дуруст инъикос намудани он дар воситаҳои ахбори омма арзёбӣ менамояд.

Дар анҷоми машғулият аз шумораи 31 нафар иштирокчӣ 21 нафари фаъол соҳиби сертификати Академияи ВАО гардиданд.

Академияи ВАО

17.11.2026  

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.