ОМӮЗИШИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АКАДЕМИЯ
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” тибқи нақша машғулияти навбатиро барои танзимгарон ва масъулони сомонаҳои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ баргузор кард.
Машғулият таҳти унвони “Зеҳни сунъӣ ва истифодаи маводи онҳо дар шабакаҳои телевизиониву радиоӣ” доир гардида, давоми 5 рӯз (аз 27 апрел то 01 майи соли 2026) аз рӯи барномаи мушаххаси омӯзишӣ ба тариқи назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешавад.
Ба ҳайси омӯзгор (тренер) н.и.т., Файзуллоҷон Гуреззода ҷалб шуда, машғулиятро мегузаронад.
Тоҷикӣ
Русский
English