АНҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИ “ЗЕҲНИ СУНЪӢ”

Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” тибқи нақша машғулияти омӯзиширо барои танзимгарон ва масъулони сомонаҳои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ таҳти унвони “Зеҳни сунъӣ ва истифодаи маводи он дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ” баргузор кард.
Машғулият аз рӯи барномаи махсуси таҳиянамудаи мутахассиси зеҳни сунъӣ, номзади илмҳои техникӣ Гуреззода Файзуллоҷон гузаронида шуда, аз 27 апрел то 01 майи соли равон дар толори китобхонаи муассиса ба таври назариявӣ ва амалӣ баргузор гардид.

Иштирокчиён давоми 5 рӯз мавзуҳои “Мафҳум ва моҳияти зеҳни сунъӣ”, “Имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар шабакаҳои телевизион ва радио”, “Ахлоқ, ҳуқуқ ва масъулияти касбӣ ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ”, “Платформаҳои муосири зеҳни сунъӣ барои телевизион ва радио”, “Нақши зеҳни сунъӣ дар таҳияи матни хабар, сенария, тарҷума, сохтани графика” ва ба ин монандро омӯхта, маҳорати эҷодии худро ҷиҳати истифода аз технологияи муосир аз ҷумла зеҳни сунъӣ бештар намуданд.

Дар анҷоми машғулият аз шумораи 16 иштирокдор 12 нафари фаъол соҳиби сертификати Академияи ВАО шуданд.
БАХТИЁР М.
01.05.2026

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.