ФАРҶОМИ МАШҒУЛИЯТИ ИНТЕРАКТИВӢ
Машғулияти омӯзишии “Диди журналист” аз 15 то 19 июн дар толори китобхонаи Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” доир карда шуд. Ин курси омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани такмили донишҳои тахассусии рӯзноманигорон ва муҳаррирони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ доир гардида, ҳамчун омӯзгор (тренер) роҳбарии онро рӯзноманигори варзида, коршиноси соҳа Иззатманд Саломиён ба уҳда дошт.
Машғулият дар шакли мубодилаи афкор ва лексияҳои интерактивӣ сурат гирифта, омӯзгор дар асоси мисолҳои мушаххас аз таҷрибаи журналистони хориҷӣ роҳҳои муосири таҳияи маводро нишон доданд.
Муҳаррирон ва рӯзноманигорон дар ин муддат усулҳои нави таҳрир, муайян кардани саҳеҳияти хабар (Fact-checking) ва омодасозии контенти рақобатпазирро ба таври амалӣ аз худ карданд.
Ҳадафи асосии омӯзиш такмили малакаи касбии рӯзноманигорон, муҳаррирон, таҳкими маҳорати таҳлилӣ ва шакл додани нигоҳи интиқодиву воқеъбинонаи намояндагони ВАО нисбати ҳаводису рӯйдодҳои ҷомеа мебошад.
Дар фарҷоми дарс 14 нафар шунаванда сертификати Академияи ВАО-ро соҳиб гардиданд.
Фараҳноз С.
Академияи ВАО
Тоҷикӣ
Русский
English