ФАРОГИРИИ НОШУНАВОЁН БА ТАҲСИЛ ВА МАЪЛУМОТ: МАВҚЕИ СУРДОТАРҶУМОНӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ТОҶИКИСТОН
Ассалому алайкум, хонандаи азиз! Мавзӯи суҳбати моро ҳолати кунунии таълими шахсони нуқси нутқдошта ва ношунавоён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси забони имову ишора дар шабакаҳои телевизионӣ фаро мегирад. Ҳамсуҳбати мо раиси Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ Саттор Қувватов ҳастанд. Умедворам, хубу сари ҳол ҳастед…
– Саломат бошед!
– Саволи аввали мо ин аст, ки ҳолати феълии таълими кӯдакон ва ҷавонони дорои нуқсони шунавоӣ дар кишвар дар кадом вазъ аст? Махсусан ҳамон муассисаи таълимие, ки Шумо дарс мегузаред, шароити таҳсили мувофиқ дорад. Муҳассилин чӣ, толибилмон фаъоланд?
– Хуб шуд, ки ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кардед. Аввалтар аз ҳама, мо шукр мекунем, ки дар як давлати соҳибистиқлол зиндагӣ дорем ва ман ҳамчун як мутахассиси соҳаи кор бо ношунавоён тасдиқ мекунам, ки ҳар пешрафте, ки мо дар ин самт ба даст овардем, бо шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва хонандагони муҳтарам аз ин мужда огоҳанд, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон забони имову ишораро ба расмият шинохт, яъне мувофиқи моддаи 41-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ:
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони имову ишора барои ногӯён ва ношунавоён ба забони давлатӣ сурат гирифта, ҳамчун забони муошират эътироф мегардад. Ин иқдоми кишвари мо барои кишварҳои ҳамсоя низ мароқангез шуд, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар – 1994 Президенти мамлакат ба мактаб интернати мо (Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ) ташриф оварда, яке аз масъалаҳое, ки гузоштанд, гузаштани мактабҳо ба забони тоҷикӣ буд, чун қаблан дарсҳо бо забони русӣ мегузаштанд. Мо корро аз сифр шурӯъ кардем ва зина ба зина ин самт ҷоннок гардид.
Соли 2000 бошад, Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Мақсади аввали марказ таёр кардани мутахассисон – омӯзгорони соҳа ба ҳисоб равад, ҳамчунин дар ин ҷо курсҳои омӯзишӣ, семинарҳои машваратӣ бо волидайн, бозомӯзии тарҷумонҳои забони ишора, таҳия ва нашри дастурҳо, луғатҳо ва маводи таълимӣ, ҳифз ва тарғиби ҳуқуқи шахсони дорои нуқсони шунавоӣ барои дастрасӣ ба муошират ва иттилоот, ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати фароҳам овардани муҳити таълимии мувофиқ ба ҳисоб меравад.
То соли 2010 14 номгӯйи китобҳои фаннӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ношунавоён нашр гардид, ки ба хислату характери ҳамин кӯдакон мутобиқ карда шудааст.
Аз ҳамаи нуктаҳои ироашуда метавон натиҷагирӣ кард, ки марҳила ба марҳила бо беҳтар гардидани шароити кору таҳсил майли корафтодагон низ ба таҳсил хуб шуд ва ҷараёни боз ҳам ҳавасманд кардани ин гурӯҳи ҷомеа ба илму ҳунаромӯзӣ идома дорад.
– Волидайн барои дастгирии таҳсили фарзандони худ чӣ кор мекунанд ва айни замон чӣ ташаббусе нишон додани онҳо зарур аст?
– Мо таҳқиқот гузаронидем миёни 40 оила, ки 20 оила падару модарашон мешунаванд ва 20 оилаи дигар ҳамагӣ ношунавоянд. Он оилаҳое, ки ҳамагӣ намешунаванд, дар муошират ва кору фаъолияташон натиҷаҳои беҳтар нисбати оилаҳое, ки падару модари шунаво доранд, нишон медиҳанд. Дар оилаҳои ношунаво, бо сабаби он ки ҳамарӯза муошират аст, ҳолати равонӣ беҳтар ва ҳам фаъолмандӣ бештар дида мешавад.
Баъзан, волидайн саҳлангорӣ мекунанд, баъзан, барои ба таълимгоҳ додани фарзандони ношунавои худ ба дудилагӣ мефтанд, чун кадом як марказу мутахассисоне эшонро мутақоид мекунад, тавсия медиҳанд, ки парво накунед, кӯдаки шумо баъди 7-8 ё 9 сол гап мезанад, бо ҳамин эшон баҳузур мешаванд. Вақте ба мо муроҷиат мекунанд, ки бо гузашти син кор бо ин гуна шахсон аллакай мушкил шудааст, ҳуҷҷат гирифта наметавонад, чунки мактаб то синни 18-солагист.
Ҳамин марказро ҳам, ки мо айни замон қарор дорем, соли 2005 бо мақсаде ташкил кардем, ки фаҳмиш ва маҳоратҳои волидайн боло бурда шавад. То ҳоло ҳудуди 238 кӯдак дар муҳити оила ба таълим фаро гирифта шуд, яъне ба 200 оила мо забони ишораро омӯхтем, ки аз натиҷаи кор онҳо хеле қаноатманд шуданд. 200 нафар кӯдакро ба таҳсил дар мактаб – интернат ҷалб кардем. Дар умум, имрӯз дар кишвар зиёда 1245 нафар ношунаво бо таҳсил фаро гирифта шудааст. Ин шумора андак ҳам бошад, ҳамкориҳои падару модарон беҳтар ва роҳҳои нави бо таълиму тадрис фаро гирифта шудани ношунавоён амалӣ гардида истодааст.
– Дастовардҳои кӯдакон ва ҷавонони дорои нуқсони шунавоиро дар самти эҷоду пешрафт ном бурда метавонед?
– Албатта, соли гузашта, масалан хуб дар ёдам ҳаст, ки Вазорати маориф ва илм сургаолимпиадаро аз фанҳои забони модарӣ, математика, забони русӣ, география ва дигар машғулиятҳои асосӣ дар байни мактаб – интернатҳои ношунаво ташкил кард, ки дар сатҳи хеле баланд гузашт. Худи мактаб интернате, ки ман кор мекунам, ҷойи аввалро соҳиб гардид, соҳиби шоҳҷоиза шуд. Дар маҷмӯъ ҳамаи мактаб – интернатҳо дастовард нишон доданд. Бори дигар исбот шуд, ки гарчанде ин шахсон ношунавоянд, аммо аз уҳдаи корҳои зиёде баромада метавонанд. Муҳим, ин ки кӯдакҳо хеле хурсанд шуданд. Дар назар аст, ки моҳи сентябр боз чунин озмунҳо роҳандозӣ шавад.
Аз фаъолияти онҳо дар истеҳсолот бошад, шумори зиёдашон ба дуредгарӣ, дӯзандагӣ, ронандагӣ ва монанди ин машғул ҳастанд, ки боиси ифтихори ман аст.
– Вобаста ба дастрасии иттилоот ба ин табақаи ҷомеа мехостам суҳбат кардан, ки дар шабакаҳои телевизионӣ кадом навъи барномаҳо ҳатман бояд бо тарҷумаи забони ишора пахш шаванд?
– Аслан, ҳамаи барномаҳо бояд бо усули сурдотарҷумонӣ баргардон карда шаванд. Инҳо ҳам инсонанд, мехоҳанд донанд, фаҳманд… Филмҳои тасвирӣ, ахбор, роликҳои тарбиявӣ вохӯрӣ бо инсонҳои муътабар – шоирону нависандагон, паёмҳои Президент, Пешвои миллатро агар бо ин забон баргардонанд, хеле хуб мешавад, чаро ки онҳо аз мо мепурсанд, ки Сарвари давлат чӣ гуфт, ин навор дар бораи чӣ нақл мекунад ва ғ.
Контитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандонро дар гирифтани иттилоъ кафолат медиҳад. Аз рӯйи он ки шумори 30 000 нафар дар қайди маркази ношунавоён ҳастанд ва барандагони забони ишора наздики 80 000 нафарро ташкил медиҳад, месазад, ки иттилоу маълумоти фаррох баргардон ва нашр карда шавад.
Байни забону гӯшам ангушт тарҷумон аст,
Ин тарҷумон бароям ҳам гӯшу ҳам забон аст…
Воқеан ҳам, чун барои шахсони ношунаво забони ишора бисёр муҳим аст, бояд дар якҷоягӣ мо онҳоро бо дарсу мактаб фаро гирем, дастгирӣ кунем, тарбият намоем.
– Оё шумораи тарҷумонҳои касбӣ барои забони ишора кофӣ ва ба талабот ҷавобгӯ аст?
– Ба истилоҳ сурдотарҷумон мутахассисест, ки миёни шахсони дорои нуқсони шунавоӣ ва солим муоширати дурустро ба воситаи забони ишора таъмин мекунад. Нақши ӯ дар ҷомеа аз он лиҳоз муҳим аст, ки пеш аз ҳама, муоширати самаранокро миёни ношунавоён ва шахсони солим таъмин менамояд, ҳуқуқ ва баробарии аъзоёни ҷомеаро ҳифз мекунад, то шахсони дорои нуқсони шунавоӣ ба маълумот ва хизматрасониҳо дастрасӣ дошта бошанд, ба ҳамин низом дар самти маориф, ҳуқуқ, тиб ва ғ. сурдотарҷумонҳо бевосита заруранд.
Масъалаи сурдотарҷумон ҳанӯз ҳам масъалаи доғ аст. Шумораашон дар кишвар ангуштшумор мебошад. Аммо зина ба зина дар ин соҳа мушкилот бартараф мешавад. Агар дар соли 2010 ҳамагӣ 2 сурдопедагог бошад, аз моҳи январи соли 2026 шумораи онҳо ба 45 нафар расидааст. Ҳоло ҳам Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва ҳам донишгоҳҳои омӯзгории дигар минтақаҳои Ҷумҳурӣ мутахассисони ин соҳаро омода мекунанд. Ба донишҷӯёни чунин ихтисосҳо имтиёзҳои алоҳида давлат роҳандозӣ кардааст. Масалан дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ихтисосҳои муштарак, аз қабили сурдопедагогика – информатика, сурдопедагогика – забон ва адабиёти тоҷик, сурдопедагогика – методикаи таълими ибтидоӣ ва сурдопедагогика – таҳсилоти ибтидоӣ, ки 5 сол таҳсил карда, метавонанд ҳам дар мактаби ношунавоён кор кунанд ва ҳам дар мактабҳои ҳамагонӣ.
Мо ҳам дар омода кардани шогирдон кӯшиш карда истодаем… Дар шабакаҳои иҷтимоӣ волидайн, парасторон ё худи шахсони ношунаворо даври ҳам ҷамъ меорем, бо омӯзишу маълумот фаро мегирем. Масалан, дар шабакаи инстаграм саҳифаи мо бо нишонии loihainoshunavoho фаъол аст, ки корафтодагон метавонанд аз он истифода кунанд.
Пешниҳод мекунам, ки имтиёзҳо боз ҳам бештар карда шавад, то ҷавонон – донишҷӯён ҳавасманд гарданд. Дар Донишгоҳи байналмиллалии забонҳо ҳам чунин як ихтисос кушода шавад…
– Шабакаҳои телевизионӣ барои беҳтар кардани сифати тарҷума чӣ кор карда метавонанд?
– Шабакаҳои телевизионӣ, пеш аз ҳама метавонанд сурдотарҷумонҳои соҳибихтисосро ба кор ҷалб намоянд – мутахассисоне, ки забони ишораро дар сатҳи баланд медонанд ва таҷрибаи кор дар пахши телевизионӣ доранд. Телевизионҳо барои ин мутахассисон курсҳои такмили ихтисосро ташкил карда метавонанд, то онҳо бо истилоҳоти нав ва усулҳои муосири тарҷума шинос шаванд. Муҳайё кардани шароити хубӣ корӣ бо баланд бардоштани сифати тасвир – ҷойгир кардани сурдотарҷумон дар равзанаи андозаи кофӣ, таъмин кардани таҷҳизоти босифати наворбардорӣ ва пахш, инчунин илова кардани зернавис (субтитр)…
Ҳамкорӣ кардани телевизионҳо бо ҷомеаи шахсони дорои нуқсони шунавоӣ имконият медиҳад, ки богирифтани фикру пешниҳодҳои онҳо барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, кор боз ҳам басифат ба роҳ монда шавад. Ва, албатта, назорати сифат ва ислоҳи камбудиҳо дар асоси талаботи тамошобинон сурат мегирад.
Айни замон мушоҳида мешавад, ки баъзан дар барномаҳои муфассал ҳамагӣ як мутахассис кор мекунад, ки ин ба мондашавии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ оварда мерасонад. Инчунин ҳамагӣ як ё ду шабакаи телевизионӣ бо ин самт ҳамкорӣ дорад – Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” ва дар баъзе барномаҳо “Баҳористон”. Бигзор, доманаи ҳамкориҳо васеъ шаванд… Бинед, ки телевизиони “Варзиш” чӣ хел намоишҳои ҷолиб дорад, ё телевизиони “Илм ва табиат”… Барномаҳои ин телевизионҳоро мумкин, балки зарур аст, ба забони имову ишора баргардонем.
Роҳбари кунунии Кумитаи телевизион ва радио ба ин самт таваҷҷуҳ карда, ҳамкориҳоро ҷоннок карда истодаанд, ин хеле хуб аст.
– Ба назари шумо андозаи равзанаи экран, ки барои тарҷумон ҷудо карда мешавад, барои тамошобинон мувофиқ аст ва чунон ки мебинем, ҳамаи тарҷумонҳо аз як шакли забони ишора истифода мебаранд, байни минтақаҳо фарқият вуҷуд надорад?
– Дуруст аст. Ин савол хеле ҷолиб аст. Стандарти байналмилалии ISO 17651-4 тавсия медиҳад, ки тасвири тарҷумон ҳадди ақал сеяки (1/3) паҳнои экранро фаро гирад, то имову ишора ва тарҳи рӯ равшан дида шавад. Яъне:
Андозаи равзанаи тарҷумон бояд на камтар аз 25–30% масоҳати экрани асосиро ташкил диҳад;
Равзана бояд росткунҷа бошад ва ҳошия (рамка) надошта бошад;
Тарҷумон бояд аз сар то миён пурра намоён бошад;
Аз китфҳои тарҷумон то канори равзана тақрибан 10% фазои холӣ бошад, то ҳаракати дастҳо пурра намоён шаванд;
Одатан, равзана дар кунҷи поёнии рости экран ҷойгир карда мешавад. Агар он ҷо логотип ё маълумоти муҳим бошад, ҷо додани он дар кунҷи поёнии чап низ иҷозат аст.
Аз рӯйи ҳамин нишондод телевизионҳои мо корашон дуруст мебошад.
Дар мавриди фарқияти забони имову ишора дар минтақаҳои кишвар бошад, албатта, ки тафовут вуҷуд дорад, махсусан онҳое, ки бо таълим фаро гирифта нашудаанд, забони адабии ишораро пурра наметавонанд фаҳмидан. Баъзан, ба як навъ ишораҳои нав мо вомехӯрем, ки моро дар ҳайрат меорад. Чунин ҳолатҳоро ба қайд гирифта, дар корҳои минбаъда ба доираи омӯзиш ворид менамоем.
– Таҷрибаи кадом кишварҳои дигарро метавон дар шабакаҳои телевизионии мо татбиқ кард?
– Таҷрибаҳои хуби кориро мо аз кишварҳои Россия, Австралия, Амрико гирифтем. Дар ин кишварҳо такмили ихтисос гузашта, ҳайати кории онҳо дар Тоҷикистон ба мо курсҳои омӯзишӣ гузарониданд. Ҳамкориҳои ҳасана идома доранд.
– Чизе монд, ки напурсидем?
– Бале, ба корхонаҳои истеҳсолӣ муроҷиат карданӣ ҳастам, ки инҳо – ҷомеаи ношунавоён ҳам мутахассисони хуб метавонанд шудан, дастгирӣ кунанд, ба кор гиранд. Ҷое кор гиранд ки он ҷо гап кам бошад, фаъолияти ҷисмониву фикрӣ ба назар гирифта шавад. Корхонаҳои калон гурӯҳи чунин одамонро бо тарҷумон ба кор гиранд. Албатта, ҳамкориҳову дастгириҳо вуҷуд дорад, аммо инро боз ҳам метавон беҳтар кард, чун дар ин гурӯҳи ҷомеа мутахассисони хуби соҳаҳои дӯзандагӣ, муҳрабофӣ, рассомӣ, дуредгарӣ, ронандагӣ ва дигар хизматрасониҳо вуҷуд дорад.
Дар идома ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВАО мехоҳам изҳори сипос кунам, ки ба чунин як мавзӯи муҳим таваҷҷуҳ кардаанд.
– Ташаккури зиёд, устоди азиз, барои маълумоти муфассал…
Хонандаи гиромӣ, сипос, ки моро то ин ҷо ҳамроҳ будӣ. Бо ҳам мо ҳар мушкилеро осон ҳал мекунем.
Муслима МАННОН
Академияи ВАО
Тоҷикӣ
Русский
English