АҲАМИЯТИ ЗАБОНИ АДАБӢ ДАР ГУСТАРИШИ ҶОМЕАИ ФАРҲАНГӢ

Ассалому алайкум, хонандаи азиз. Мо ин навбат оид ба аҳамияти риояи забони адабӣ, забони меъёр дар ҷомеа, ки барои аксари аҳолӣ фаҳмо ва наздик аст, бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сахидод Раҳматуллозода суҳбат мекунем. Хаста набошед, устоди азиз…

  • Саломат бошед!

Нахуст донистан мехостем, ки чаро ҷорӣ кардани забони меъёр дар ҷомеа муҳим аст? Агар забони адабӣ риоя нашавад, чӣ мушкилот ба вуҷуд омада метавонад?

Забони адабии меъёр забонест, ки он дар асоси хусусиятҳои савтӣ, вожагонӣ ва дастурӣ суфта шуда, барои соҳибони забон баробар хизмат мекунад. Ин забонест, дар тули садсолаҳо ба танзим дароварда шуда, дар назм ва насри соҳаҳои гуногуни илм ба кор бурда мешавад. Ҳамаи қаламбадастон вазифадоранд, ки меъёрҳои забони адабиро донанд ва онро дуруст истифода баранд. Дар замони ҳозира меъёри навишториро “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021, №268 тасдиқ шудааст, муайян мекунад. Агар меъёри навиштории забони адабӣ риоя нашавад, гуногуннависӣ дар қоидаҳои имло сурат мегирад, ки дар ниҳоят боиси халалдор гардидани меъёрҳои забони адабӣ дар ҷомеа мегардад.

Яъне, ҷорӣ гардидани забони меъёр дар ҷомеа яке аз шартҳои муҳимми рушди забони давлатӣ, мустаҳкам намудани пояҳои забони адабӣ дар ҷомеа ва вусъат бахшидани фарҳанги муошират мебошад. Забони меъёр шакли ягона ва қабулшудаи забони умумимиллист, ки қоидаҳои талаффуз, навишт, интихоби вожаҳо ва тартиби ҷумлабандиро ба танзим медарорад. Маҳз ба воситаи ин меъёрҳо шаҳрвандони кишвар новобаста аз маҳалли зист, лаҳҷа ё муҳити фаъолият метавонанд якдигарро дуруст фаҳманд, дарк кунанд.

Дар сурати риоя нашудани меъёрҳои забони адабӣ мушкилоте чун паст рафтани сатҳи фарҳанги суханварӣ, ривоҷ гирифтани низоми нодурусти коргузориву фаъолият дар воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто ҳуҷҷатҳои расмӣ ба миён меояд, ки ба сатҳи забони адабии меъёр ва сифати иттилоот таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин, корбурди беш аз ҳадди калимаҳои бегона, ибораҳои ғайримеъёрӣ ва шаклҳои нодурусти забонӣ боиси коста шудани покизагӣ ва ғановати забони миллӣ мегардад.

Насле, ки тарбият ёфта истодааст, забони дурустро аз аввалин тарбиятгар – модар ва баъдан аз омӯзгорон, устодон, рӯзноманигорону зиёиёни кишвар ва муҳити зист ёд мегиранд. Ин табақаи ҷомеа услуби ягонаи муоширату гуфторро риоят накунанд,  хатоҳои забонӣ, тадриҷан, ба як одати маъмул табдил ёфта, ҷавонони ояндаи мо ҳамон тавр тарбия меёбанд.

Оила, мактаб ва воситаҳои ахбори омма дар ҷорӣ гардидани забони адабӣ миёни ҷомеа таъсиргузории бештар доранд. Усулҳои мушаххасеро ҳамчун дастурамал ҷиҳати самаранок кор бурдани меъёрҳои забони адабӣ дар ҳаёти рӯзмарра номбар карда метавонед? Барои бой гардондани захираи луғавии худ як шаҳрванди одӣ чӣ бояд кунад?

Дуруст аст, оила, ширхоргоҳҳо, мактаб, донишгоҳу донишкадаҳо, литсейҳо, омӯзишгоҳҳо ва воситаҳои ахбори омма барои азбар кардани забони адабӣ воситаҳои асосӣ ба шумор мераванд. Усулҳо ва меъёрҳои омӯзиши забони адабӣ дар осори методистон дарҷ гардидаанд ва дар донишгоҳҳои олӣ омӯзонда мешавад. Меъёрҳои дуруст талаффуз кардани овозҳои нутқ, дар ҷойи худ – мутобиқи маънои матн истифода кардани калимаю истилоҳот, зарбулмасалу мақол ва ибораҳои фразеологӣ, маъношиносӣ, истифодаи қоидаҳои дурусти дастурии забон василаҳое шуда метавонанд, ки ҳар як шарванд бехато суҳбат карда, бехато нависад.

Амалан, метавон гуфт, ки чун оила нахустин муҳите ба ҳисоб меравад, ки кӯдак дар он суханронии аввалинро меомӯзад, ба пойдевори ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги суханварии ӯ таъсири амиқ мерасонад. Падару модарон ё парасторон бояд кӯшиш кунанд, ки бо фарзандони худ то ҳадди имкон бо забони адабии равон ва дуруст суҳбат кунанд, мутолиа намоянд, дӯст доштани забони модарӣ ва Ватанро омӯзонанд.

Бо ҳамин низом, дар муассисаҳои таълимӣ низ на танҳо қоидаҳои умумии грамматика ва имло ёд дода шавад, балки маҳорати суханронии хонандагонро низ ба низом даровардан мумкин аст – машқҳои амалӣ оид ба нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ, озмунҳои қироати шеър ва матн, иншонависӣ ва суханварӣ, мутолиаи осори классикон ва нависандагони муосир – нақл кардани муҳтаво ба раванди устувор гардидани забони шифоҳии адабӣ дар ҷомеа бевосита кӯмак мерасонад.

ВАО дар шароити феълӣ ин масъулиятро фаъолона ба дӯш гирифтааст (ҳарчанд мушкил дар ин соҳа низ ҷой дорад), ки аксари барномаҳо бо риояи меъёрҳои забони адабӣ омода карда мешаванд, истифодаи калимаҳои бегона маҳдуд аст ва дар ҳамин бобат – рушд бахшидан, тоза нигоҳ доштани забони адабии тоҷикӣ барномаву гузоришҳо таҳия карда мешавад.

Риояи меъёрҳои забони адабӣ, ки танҳо вазифаи омӯзгорон, журналистон ё забоншиносон нест, ҳар як шаҳрвандро масъул мегардонад, дар давоми рӯз мутолиа дошта бошад, дар ҷараёни суханронӣ калимаҳои сода ва равшани адабиро истифода барад, аз такрори зиёди калимаҳои бегона худдорӣ кунад, барномаҳои фарҳангӣ ва маърифатиро тамошо намуда, аз нутқи ровиёни касбӣ чизе омӯзад, ба фарзандону наздикони худ тарзи дуруст сухан рондан, дуруст навиштанро ёд диҳад, то дар муддати муайян ба малакаи суханварии худ итминон пайдо кунад ва забони модариро ҳифз намояд.

Мушкилоти корбурди нодурусти забони меъёр имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ роҳ ёфтааст. Агар пешниҳодҳои мазкур амалӣ шаванд, зина ба зина услуби гуфтору навиштори мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ислоҳ мешаванд.

Дар ин замина кадом мушкилот ҳангоми ҷорӣ кардани забони адабӣ ба миён меоянд?

Забони адабии тоҷикӣ аз замони Рӯдакӣ то имрӯз ҷорӣ аст. Ҳар давра мушкилоти худашро дорад. То замони шуравӣ истифодаи аз ҳад зиёди калимаҳои арабӣ, набудани имконоти таҳсил барои ҳамаи ҷомеа вуҷуд дошт. Дар замони шуравӣ воридшавии калимаҳои русӣ-байналхалқӣ сабаби фаромушии теъдоди зиёди калимаҳои таркиби луғавии забони тоҷикӣ гардид. Дар марҳилаи кунунӣ масъалаи истифодаи истилоҳот яке аз мушкилоти асосии забон аст, ки бояд дар ҳамаи соҳаҳо танзим шаванд. Мушкилоти дигар дар гуфторамон танҳо ба лаҳҷаҳо такя кардан аст. Минбари суханронӣ моро вазифадор мекунад, ки пурра ба забони адабии меъёр суҳбат кунем, аммо дар мавридҳои зиёде ба мушоҳида мерасад, ки истифодаи васеи лаҳҷаҳо дар муоширати рӯзмарра, мутолиаи андак, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, хатоҳои забонӣ дар расонаҳои гурӯҳӣ махсусан ба ҷомеа таъсири калон мерасонад, истифодаи зиёди калимаҳои русӣ, англисӣ ё дигар забонҳо бе зарурат ба гуфтор ва навиштамон нуқсон ворид кардааст. Ислоҳ ва рушди забон кори дастаҷамъона мебошад.

Дар хусуси нақши забони адабӣ дар рушди фарҳанги миллӣ чанд сухан мегуфтед…

На танҳо фарҳанг, балки тамоми соҳаҳои ҳаёти мардумон ба забон вобастаанд. Ҳамаи пешравиҳое, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меоянд, дар забон инъикос мешаванд. Донистани забони адабӣ нишонаи маданият ва ҳунари баланди ҳар фард аст. Агар забони адабии меъёрро ба таври амиқ омӯхта, таркиби луғавиамонро бой гардонем, дар баррасӣ ва навишти ҳамаи масъала муваффақ мешавем.

Муҳаққиқон, донишмандону адибон дар суфтаву пурранамоии забон шеваву лаҳҷаҳои мухталифро меомӯзанд, ҷамъоварӣ мекунанд, пасон ба дастгоҳи корбурд ворид месозанд. Мехостам донистан, ки лаҳҷаҳо дар Тоҷикистон чӣ гуна гурӯҳбандӣ мешаванд ва аҳамияти он аз чӣ иборат аст?

Донишмандон лаҳҷаҳоро яке аз сарчашмаҳои асосии ғанӣ гардидани забони адабӣ мешуморанд. То имрӯз дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ калимаю истилоҳоти зиёде дида мешаванд, ки ҳаққи дар забони адабӣ ворид шуданро доранд, зеро решаи онҳо дар забонҳои қадимии миллатамон мебошад. Шоирону нависандагон ва донишмандонамон, ки намояндагони шеваҳои гуногуни забонамон мебошанд, вазифадоранд, ки барои аз байн нарафтани калимаҳои ноби дар лаҳҷаҳо маҳфузмонда онҳоро ба осорашон ворид созанд, то тавонанд он вожаҳо ба забони умумихалқӣ ворид гардида, аз байн нараванд. Гурӯҳбандии лаҳҷаҳои забони тоҷикиро соли 1961 В. С. Расторгуева карда буд, ки онҳо иборатанд аз шеваи шимолӣ, марказӣ, ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ. Садҳо нафар аз муҳаққиқони ватанию хориҷӣ доир ба лаҳҷаҳои забонамон дар асоси ҳамин таснифот тадқиқот анҷом додаанд.

Дар баробари таҳқиқи илмии лаҳҷаҳо муҳимтарин коре, ки анҷом дода шудааст, тадвини луғатҳои лаҳҷавӣ мебошад. То имрӯз луғати шеваи ҷанубӣ, ҷануби шарқӣ ба вуҷуд омадааст ва корҳо дар тайёр кардани луғати шеваи шимолӣ идома дорад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омода сохтани луғатномаҳои лаҳҷавӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ ҳамкориҳои ҳасанаро ба роҳ мондааст. Дар нақша аст, ки мутобиқи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030»  грамматикаи забони адабии тоҷикӣ, фарҳангҳои гуногуни шевагӣ, дастури таърихии забон, фарҳанги муфассали забони тоҷикӣ ва дигар корҳои муҳимми марбут ба барномаро ба анҷом расонем.

Аҳаммияти лаҳҷаҳо аз ҳифзи мероси фарҳангӣ – таърихи зиндагӣ, урфу одат, ғанӣ гардонидани фонди луғавии забони тоҷикӣ, нишон додани зинаҳои инкишофи забон ифода меёбад. Омӯзиши лаҳҷаҳо барои таҳияи луғатҳо, қоидаҳои имло ва рушди забон муҳим аст.

Лаҳҷаҳо дар забони тоҷикӣ бо вуҷуди тафовутҳо системаи ягонаи сохтори забонро ташкил медиҳанд. Забони адабӣ дар асоси лаҳҷаҳо ташаккул ва инкишоф меёбад. Ҳар лаҳҷа арзиш, махсусияти худро дорад ва қисми муҳимми мероси фарҳангӣ арзёбӣ мешавад. Донишмандон, адибону забоншиносон дар ин замина кор мекунанд, беҳтарин вожаҳоро кашф мекунанд, ҷамъоварӣ мекунанд ва ба истифодаи умум вогузор менамоянд, ки барои ҳадди аксар фаҳмо ва қобили қабул бошад.

Ҳамчун муҳаққиқ барои хонандагони мо аз аҳаммияти вожашиносию вожасозӣ низ, ки дар ғанӣ гардидани забони тоҷикӣ нақши барҷаста доранд, чанд сухан мегуфтед? Дар интихоб ва корбурди вожаҳои суфтаву мувофиқ кадом асосҳо ба назар гирифта мешаванд?

Ҳаёти ҳар гуна забон ба вожаҳо вобаста аст. Таркиби луғавии ҳар забоне, ки калимаҳои зиёд дошта бошад, забони муқтадир маҳсуб меёбад. Бешубҳа, забони тоҷикӣ ҳам аз забонҳои муқтадири дунё ба шумор меравад. Махсусан, дар даврони Истиқлол бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мукаммал шудани забони тоҷикӣ тамоми имконот ба муҳаққиқон фароҳам оварда шуд. Имрӯз ҳар муҳаққиқ метавонад, аз забони ноби тоҷикӣ барои навиштани рисолаҳои гуногун истифода кунад, ки ин барои такмили таркиби луғавии забон мусоидат мекунад.

Суфтагии калимаҳо ба корбурди онҳо вобаста аст. Агар калимаю истилоҳот ба таври оммавӣ истифода шавад, умумихалқӣ шуда, сайқал меёбад. Асосҳои интихоби дурусти вожаҳо, пеш аз ҳама дақиқияти он ба инобат гирифта мешавад, яъне калима бояд фикри сухангӯро пурра ба мухотаб расонад, услуби баён ба инобат гирифта мешавад (услуби расмӣ, илмӣ, публисистӣ ва ғ.) ва вожа бояд дар луғатҳои меъёрӣ сабт шавад, равонии талаффӯз ва ҳамоҳангӣ ба сатҳи фаҳмиши аудитория мувофиқат намояд ва монанди ин. Риояи ин асосҳо суханро таъсирнок, фаҳмо ва равшан, зебову дуруст мегардонанд ва мавқеи забони адабиро дар ҷомеа устувор месозад.Сухани ноб ҳамонест, ки ба дили шунаванда менишинад, барои шунаванда фаҳмо аст. Тавре Саъдии бузург гуфтааст:

Суханвар бибояд, ки ҳангоми гуфт

Тавонад дили мустамеъро шукуфт.

Барои беҳтар шудани сатҳи истифодаи забони адабӣ чӣ тадбирҳо андешидан мумкин аст? Шумо барои густариши истифодаи забони адабӣ дар ҷомеа чӣ пешниҳод доред?

Ҷиҳати беҳтар шудани сатҳи истифодаи забони адабӣ бо сарварии Пешвои муаззами миллатамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳо андешида шудааст. Аввал аз ҳама, мутобиқи Конститутсия забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дуюм, ниҳоде бо номи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Қонуни  Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Ҳамчунин, «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ба тасвиб расида, дар истифода аст. Барои самаранокии Тадбиқи сиёсати давлатии забон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» фаъол аст. Мутобиқи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» таҳия ва чоп шудааст, ки дар дастрасии мардум қарор дорад.

Мушаххасан мегӯям, ки бо тақвият додани омӯзиши забон дар муассисаҳои таълимӣ – истифодаи ҳатмии забони адабӣ аз ҷониби ҳамаи омӯзгорон, ташвиқи мутолиаи китобҳои электронӣ ва чопӣ, боз ҳам беҳтар ва озодонатар кардани забони воситаҳои ахбори омма, корбурди забони дурусти муошират дар байни аъзоёни оила, фаъолияти таҳқиқотӣ ва амалисозии нақшаҳои муҳимми илмӣ аз ҷониби забоншиносон ва дастгирии лоиҳаҳои рушди забон аз ҷониби давлат ба густариши боз ҳам бештари забони адабии тоҷикӣ мусоидат мекунад. 

Хулоса, риоя кардани забони меъёр, ҷорӣ гардидани забони адабии равону шево ба рушди устувори забони давлатӣ, густариш додани ҳуввияти миллӣ ва баланд гардидани фарҳанги муошират, таъмини фаҳмиши яксон миёни шаҳрвандонро кафолат медиҳад. Ҳифзи покизагӣ ва меъёрҳои забон масъулият ва вазифаи ҳар як шаҳрвандест, ки ба забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии худ эҳтиром мегузорад.

Устоди азиз, сипос барои маълумоти муфид. Хонандаи гиромӣ, ташаккур, ки моро ҳамроҳ будӣ. Бо ҳам ҳар масъалаеро мо осон ҳал мекунем…

Муслима МАННОН

 Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.